ВМКБ. ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ РӮ БА АФЗОИШ ДОРАНД
Соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ роҳандозӣ гардида, доираи фарогирии он торафт васеъ мешавад. Бо назардошти муҳимияти масъала ва бо мақсади вусъат додани низоми ғайринақдӣ дар бахши давлатӣ, 22-юми июни соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба тасвиб расид.
Фармони мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ хел амалӣ мегардад? Барои посух гирифтан ба ин суол бо сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Зайнулараб Қозидавлатзода ҳамсуҳбат шудем.
Ба гуфтаи Зайнулараб Қозидавлатзода, бартарияти низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки он пардохти ҳаққи хидматрасониҳоро ҳам барои муштарӣ ва ҳам барои хидматрасон осон ва мусоид мегардонад. Гузариш ба ин низом барои дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар гардидани сифати хидматрасонӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ шароити созгор фароҳам меорад.
Низоми бонкии минтақа дар доираи таъмини иҷрои фармони мазкур ҷиҳати рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва танзими муомилоти пулии минтақа бо истифода аз технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, “Интернет-бонкинг”, “Смарт-Пей”, пардохтҳо тавассути POS-терминал ва QR-рамзро татбиқ намуда, ба аҳолӣ имкониятҳои пардохти осон ва дастрасро пешниҳод карда истодаанд. Ба ҳолати 31-уми декабри соли 2025 дар миқёси вилоят 1412 таҷҳизоти электронӣ-пардохтӣ, аз қабили POS-терминал ва QR-рамзҳо, дар идораву муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ мавҷуд аст, ки нисбат ба соли 2024-ум 18 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари таҷҳизоти электронии пардохтии болозикр, аз ҷониби низоми бонкӣ барои сокинони вилоят, бахши хусусӣ ва муассисаҳои давлатӣ истифодаи васеи замимабарномаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдии ҳамёнҳои мобилӣ, “Интернет-бонкинг”, “Смарт-Пей” ва супоришномаҳои пардохтӣ низ роҳандозӣ гардидаанд. Соли рафта тавассути онҳо 648598 амалиёт ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ гузаронда шудааст. Дар маҷмуъ, соли сипаригардида тавассути таҷҳизоти электронӣ-пардохтии болозикр дар нуқтаҳои савдо, хидматрасонӣ ва муассисаҳои давлатӣ 1,7 миллион амалиёт ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ анҷом ёфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯйи шумораи амалиёт 83 фоиз ва ҳаҷми маблағи гузарондашуда 7,5 маротиба зиёд аст.
Самараи истифодаи хидматрасониҳои пардохтӣ-рақамӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини сокинони вилоят бо кортҳои пардохтӣ вобаста аст. Бинобар ин, низоми минтақавии бонкӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар равона намуда, то 1-уми январи соли ҷорӣ дар вилоят 176846 корт ба муомилот бароварда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пеш 27 дарсад зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои босифати фармони мазкур шуъбаи минтақавӣ гурӯҳи кории доимамалкунанда аз ҳайати кормандони масъул таъсис дод ва ин гурӯҳ ҳар моҳ ҳолати техникӣ ва истифодабарии таҷҳизотҳои муассисаҳои давлатиро санҷида, мушкилоти мавҷударо муайян менамояд ва барои рафъи он чораҳои дахлдор меандешад. Дар баробари ин, аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои қарзии минтақа дар шаҳр ва ноҳияҳо доир ба бартарияти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ семинар-омӯзишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
