БУНЁДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
![]()
Дар шаҳри Хуҷанд омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадбирҳои ободонӣ ва беҳсозии шароити зиндагии мардум ҷараён дорад.
Дар ин доира ба хабарнигори рӯзнома аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки бо назардошти сол ба сол зиёд гардидани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд зарурати сохтмони пули нав ба миён омад.
Дарозии пул 310 метр ва паҳноияш 26 метрро ташкил медиҳад. Дар ду канори пул барои пиёдагардон роҳравҳои махсус пешбинӣ гардида, тамоми талабот ва меъёрҳои сохтмониву меъморӣ риоя мешаванд.
Дар доираи васеъкунии роҳҳои дохили шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон, пули куҳнаи шаҳр мавриди таҷдид қарор мегирад. Тибқи нақша, паҳноии он то 16 метр васеъ мешавад.
БӮСТОН. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон рӯз ба рӯз вусъат ёфта, бо талоши мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва сокинон як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ мегарданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо ин мақсад, чанде пеш раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз рафти таҷдиду навсозии кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи «Хуҷанд» шинос гардид.
Иншоотҳои мазкур пурра азнавсозӣ шуда, ба макони муосири истироҳатӣ барои сокинон ва сайёҳон табдил меёбанд. Меҳмонхонаи «Хуҷанд» аз чордаҳ ошёна иборат буда, барои қабули 294 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар доираи навсозӣ бунёди тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, ошхона, маҷлисгоҳ, ҳавзҳои шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон дар назар аст. Ҳамзамон, дар атрофи кӯли шаҳрӣ мавзеъҳои фароғативу истироҳатӣ ташкил мешаванд, ки ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳанд кард.
Дар идомаи сафар раиси вилоят бо фаъолияти Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкин дар шаҳри Бӯстон шинос шуд. Зикр гардид, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ театр ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.
ГУЛИСТОН. «КОМБИНАТИ МАЪДАНТОЗАКУНИИ АДРАСМОН» 500 НАФАРРО БО КОР ТАЪМИН ХОҲАД КАРД
Корхонаи ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон»-и шаҳри Гулистон, ки аз соли 2013 инҷониб фаъолият надошт, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар корхона аз нав ба фаъолият оғоз менамояд.
![]()
Дар назар аст, ки Комбинати мазкур то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирад. Ба аз ба фаъолият оғоз намудани Комбинат, ашёи хоми саноатӣ дар ҳамин ҷо то марҳалаи ниҳоӣ коркард мешавад. Коркарди ниҳоии металлҳои ранга имкон медиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол гардад.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
