ҲАҚИҚАТ

26 январ 2026, Душанбе
11


Зи таҳлили ҳақиқат дарк шарҳи ҳол мегардад,
Ҳадиси ғайб пеши ҳақталошон фол мегардад.
Агар, зимнан, тааҷҷуб дар амал илман шавад тафсир,
Гумонҳоро далел андар тавозун лол мегардад.
Ситеза бо таҳаммул дар рақобат душманӣ дорад,
Мурувват бо тааммул ҳар куҷо ҳамбол мегардад.
Фазо равшан, тафаккур тоза, ботин тангу дил торик,
Масири вақт дар миқёси давр икмол мегардад.
Чу ирсан моҳият, ботин зи батне мебарад мерос,
Сириштат шуд ҳувайдо, тинатат тимсол мегардад,
Ба баҳри зиндагӣ заврақ ба ишқу завқ меронем,
Зи умрат баҳра гар дорӣ, хирад иҷлол мегардад.
Табиат зиндагиро бо таносуб озмояд беш,
Набошад санги мизон, ақл як мисқол мегардад.
Ҳама вақту замон барҷост бо як назм дар як давр,
Хато танзим агар гардад, ҳаёт ишкол мегардад.
Шавад озурда руҳи мо, хавотир тира мегардад,
Рутубат дар вуҷуд афзун шавад, табхол мегардад.
Зи ғайб ояд чу ғайбат, беш фарзу ҳам шаку шубҳа,
Навид акси ҳақиқат шуд, амал ҳаллол мегардад.
Вуҷуди ин замину ҳастии одам бувад як дам,
Масири моҳу хуршедаш ҳазорон сол мегардад.
Ҳама хислат ба одам дар замоир хиҷлат орад бор,
Макун қасди назарсанҷӣ, ҳасад афъол мегардад.
Бибояд зистан бо мақсаде андар замири давр,
Шавад эҳсоси идроке, шуур аъмол мегардад.
Ба тавзеҳи маонӣ санги меъёр аст зеҳну фазл,
Сухан аз дайри оқилҳо бадеъ иҷмол мегардад.
Ирода бас қавӣ бояд, Ниҳонӣ, хос асилонро,
Агар ҳайбат заиф ояд, ҳадаф ишғол мегардад.

Санаи нашр: 23.01.2026 №: 15