Тавзеҳи ҷанбаҳои муҳими Паёми Президент дар соҳаи инноватсия
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 зимни як ҳамоиш дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тавзеҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки моро зарур аст, раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
Дар корхонаи "ИМОД" неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҶДММ "ИМОД" лоиҳаи сохтмон ва ба истифода додани неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ муваффақона анҷом ёфт.
Дар доираи татбиқи лоиҳа, 496 панели офтобӣ бо иқтидори 307,52 киловатт насб гардида, истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро барои эҳтиёҷоти корхона таъмин менамояд.
Баррасии лоиҳаи нави гранти Иттиҳоди Аврупо
Таҳияи лоиҳаи гранти Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касбию техникӣ барои ду соли минбаъда дар Тоҷикистон зимни вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмон Ашурализода бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо Биггот Винсент баррасӣ гардид.
Аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки марҳалаҳои нав ба самтҳои рушди маҳорат ва дастгирии гузариш ба «иқтисоди сабз», рақамисозӣ дар соҳаи касбомӯзӣ, таълими калонсолон ва бозори меҳнат, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занон ва шахсони имконияташон маҳдуд, тавассути омӯзиш ва мусоидат ба шуғл равона шавад.
Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 33,4 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба соли 2024, ки 11,6 миллион долларро ташкил медод, тақрибан се маротиба зиёдтар аст.
Ба таври мушаххас, соли гузашта Тоҷикистон ба Қирғизистон ангур ба маблағи 1,92 миллион доллар, маҳсулоти пахтагӣ ба маблағи 607 000 доллар ва неруи барқ ба маблағи 557 000 доллар содир кардааст. Воридоти асосӣ аз Қирғизистон лигнит ба маблағи 9,5 миллион доллар, нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 618 480 доллар, макарон ба маблағи 5,64 миллион доллар ва шишаву флаконҳо ба маблағи 1,14 миллион доллар мебошанд.
