КОНИБОДОМ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ КИРМАКПАРВАРӢ

27 январ 2026, Сешанбе
15


Соли равон кирмакпарварони шаҳри Конибодомро падидаи фараҳбахш интизор аст. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ бинои наву махсуси кирмакзиндакунӣ (инкубатор) ифтитоҳ гардад. Ин иншоот барои истеҳсол, нигоҳубини тухмӣ ва парвариши кирмак пешбинӣ шудааст.


Бинои инкубатор дар деҳаи Шӯробқалъа ҷойгир буда, сохтмони он моҳи марти соли 2025 дар масоҳати 30 садяк замин таҳти сарпарастии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» оғоз ёфтааст. Айни замон беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои панҷарабандӣ, ороиши дохилу беруни бино, муҷаҳҳазгардонӣ ва бунёди ҳавз барои шустушӯйи баргҳо боқӣ мондаанд.
Иншоот аз 22 ҳуҷраи навбунёд иборат буда, 20 ҳуҷра барои парвариши кирмак ва ду ҳуҷра барои истироҳати кормандон пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки охирҳои моҳи март бори аввал наздики 70 қуттӣ тухмии кирмаки навъи чинӣ зинда гардонда шавад. Дар сурати амалишавии пурраи нақшаҳои тарҳрезишуда, 50 – 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин мегардад. Ҳамзамон, парвариши 5 гектар тутзор ҳамчун манбаи асосии ғизои кирмак мушкили норасоии барги тутро ба таври назаррас ҳал хоҳад кард.
Парвариши кирмак нозукиҳои махсус дошта, ҷойи тозаю озода, равшании муътадил ва ҳарорати мувофиқро талаб мекунад. Нигоҳубини саривақтӣ ва таъмини кирмак бо баргҳои сершираи тут имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат – пилла ба даст оварда шавад.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.01.2026 №: 16