ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

27 январ 2026, Сешанбе
10


Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ


Дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солае дастгир шуд, ки ба вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, боздоштшуда аз моҳи майи соли 2025 то инҷониб дар коргоҳи равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ ва осиёбаш, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Хуррамдиёри ноҳияи Дӯстӣ ба истеҳсолот машғул гардида, бе иҷозати ташкилоти таъминкунанда ба ноқилҳои барқӣ пайваст шуда, ғайриқонунӣ қувваи барқро истифода кардааст. Номбурда бо ин кирдораш ба шабакаи барқии ноҳияи Дӯстӣ зарари махсусан калон расондааст. Аз ҷумла, мувофиқи санади таҳлилии мутахассисони раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгиршуда ба шабакаи барқи ноҳияи Дӯстӣ 188 ҳазору 455 сомонӣ зарари молу мулкӣ расондааст.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 2531 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Боздошти зани 40-сола ба гумони қаллобӣ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зани 40-солае (сокини ноҳияи Рӯдакӣ) хабар дод, ки бо истифода аз боварӣ даст ба кирдори қаллобӣ задааст.
Ин зан, ки ҳамакнун ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, 1-уми ноябри соли 2025, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб аз марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе 420 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 30 шабонарӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ду адад автомашинаи барқии тамғаи “BYD STH LION” оварда медиҳад. Вале то кунун ин ваъда иҷро нашуда, аз рӯйи ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.01.2026 №: 16