АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Дарёфти 26651 килограмм маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок
Соли сипаришуда мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ 26 ҳазору 651 килограмм маҳсулоти гӯштиро бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию беҳдоштӣ аз муомилот гирифтанд. Доир ба ин ҳолатҳо мақомоти дахлдор нисбат ба қонуншиканон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз карданд.
Ин матлабро Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1 миллиону 309 ҳазору 977 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронданд. Дар натиҷа, 26 ҳазору 651 кг маҳсулоти гӯштӣ, 8507 кг маҳсулоти ширӣ, 722 литр равғани рустанӣ, 20374 дона тухми паранда, 482 кг моҳӣ, 364 кг асал, 4145 кг маҳсулоти намакин, 122966 кг меваю сабзавот ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 132329 автомашина аз тафтишот гузаронда шуда, аз ин ҳисоб 6157072 сомонӣ маблағи хидматрасонии пулакӣ ба суратҳисоби махсуси Кумита ворид гардид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
96,7 ДАРСАДИ ИНШООТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ
Ба маълумоти раиси Кумитаи рушди маҳал Камолиддин Муминзод, дар доираи чорабиниҳо оид ба пешвози сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёди 28958 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Аллакай, то якуми январи соли равон 28011 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба 96,7 дарсади иҷрои нақша баробар аст. Дар ин замина, 53633 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи рушди маҳал барои вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободу зебогардонии гӯшаву канори диёр ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи деҳот озмунҳои беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва хонаи истиқоматӣ баргузор намуда, ғолибонро бо мукофотҳои пулӣ ва дипломҳо қадр кард.
Гуфта шуд, ки Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳлили рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вусъат мебахшад.
Тавре таъкид гашт, дар самти муносибатҳои байналмилалӣ аз соли 2021 то имрӯз Кумита дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “Саемаул Ундонг”-и Ҷумҳурии Корея барои хидматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ баргузор намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чор деҳаи кишвар лоиҳаи рушди инфрасохтор барои давраи солҳои 2024 – 2028-ро ба маблағи 440 ҳазор доллари ИМА амалӣ дорад. То ҳол деҳаҳои дахлдор тибқи меъёрҳои пешниҳодгашта интихоб шуда, марҳалаи аввалу дуюми татбиқи лоиҳа анҷом ёфт ва соли равон корҳо дар самти амалишавии марҳалаи сеюми лоиҳа оғоз гардиданд.
Кароматулло АТО
Кашфи 120 ёдгории таърихию фарҳангӣ
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки соли равон дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хуттали Қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Баргузории Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки таърихнигорону бостоншиносони давлатҳои гуногун дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.
Зикр гардид, ки ёдгориҳои аз девормусаввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфтшуда имрӯз қадимтарин намунаи хатти забони тоҷикӣ мебошанд.
– Соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Агентӣ 120 ёдгории нав кашф гардид. Дар маҷмуъ, дар мамлакат 3500 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, 220 шиносномаи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба бойгонии Агентӣ ворид гашт, – гуфт Шералӣ Хоҷазода.
Таъкид гардид, ки соли равон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ
ДДТТ
Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ
Муҳиддин Нуриддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмиву таълимии хориҷӣ соли 2025-ум 15 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои мардумии Чин, Қазоқистон, Ҳиндустон, Гурҷистон, Беларус ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Имрӯзҳо Донишгоҳ бо беш аз 100 муассисаи таълимию илмӣ ва табобатии кишварҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Зикр гардид, ки дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва машғулиятҳои муштарак амалӣ гардида, аз рӯйи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
- Дар доираи созишномаҳо дар соли рафта 139 омӯзгор ва корманди Донишгоҳ бо мақсади иштирок дар конфронсҳо, конгрессҳо, семинарҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии касбӣ ба муассисаҳои хориҷи кишвар сафар намуданд, – гуфт Муҳиддин Нуриддин.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
Хайрулло Назарзода: “Ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият меёбанд”
Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ, зикр кард, ки соли рафта Донишгоҳ бо мақсади густариш бахшидани ҳамкориҳо ва табодули таҷриба бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимию илмии хориҷӣ бо 9 донишгоҳи хориҷӣ шартномаи дуҷониба ба имзо расонд.
Инчунин, дар бахши табодули академӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ бо донишгоҳҳои Самарқанди Ӯзбекистон, Кадиси Испания, Кемёнги Ҷумҳурии Корея, технологияи саноатӣ ва дизайни Санкт–Петербург, иқтисодии Урали шаҳри Екатеринбурги Россия аэрокайҳонии шаҳри Шеняни Чин ва ғайра ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон, Хайрулло Назарзода, баён дошт, ки соли таҳсили 2025-2026, бо назардошти тақозои бозори меҳнат ва зарфияти моддӣ-техникӣ ва илмии муассиса 4 ихтисоси нав, аз ҷумла “Иқтисодиёт ва идора дар корхона”, “Муносибатҳои байналмилалӣ”, “Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ” ва “WEB-дизайн ва графиаи компютерӣ” кушода шуд.
– Дар ин замина кафедраи “Технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт” низ таъсис ёфт, ки ба он ихтисосҳои “Информатикаи иқтисодӣ”, “Иқтисодиёти рақамӣ”, “Иқтисодиёти бизнеси электронӣ”, “WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ” ва “Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт” вобаста карда шудаанд, – гуфт ректори Донишгоҳ.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ДАТ
Ҳавасмандии ҷавонон ба омӯзиши илмҳои замонавӣ меафзояд
Дар нишасти хабарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ректор Усмон Маҳмадёрзода паём расонд, ки соли сипаришуда олимони Донишгоҳ соҳиби 3 патент ва 3 хабарномаи мусбат шуданд.
Бояд зикр кард, ки раёсати илм ва инноватсия тавассути барномаи асарсанҷӣ (антиплагиат) 637 мақолаву корҳои илмиро санҷид ва аз онҳо 45 матлаб ба талабот ҷавобгӯ набуд ва барои омӯзиши амиқтар бозпас гардонда шуд.
Усмон Маҳмадёрзода мужда расонд, ки докторанти Донишгоҳ Ч. Шозиёева дар 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор дар Ҷумҳурии Корея иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гардид.
Дар идомаи нишаст рӯзноманигорон аз озмоишгоҳи илмӣ-таълимии “Идоракунии технологияи истифодаи каммасрафи энергия ва захираҳои об дар соҳаи хоҷагии об”, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо дастгирии шарикони рушд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, дидан намуданд.
Б. БАҲОДУР
