ШОДМОН ҚУРБОНОВ. КОРМАНДИ "ҶУМҲУРИЯТ" САЗОВОРИ ҶОИЗАИ ҶАВОНОН

29 январ 2026, Панҷшанбе
1

27-уми январ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти фаъолияти соҳаи кор бо ҷавононро дар соли 2025 баргузор кард.

Дар доираи чорабинӣ як қатор ҷавонони хизматнишондода аз рӯйи наминатсияҳои “Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон”, “Беҳтарин корманди муассисаи тарғиботӣ”, “Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон”, “Беҳтарин маҳфили назди Кумита дар соли 2025” қадрд шуданд. Инчунин, барандаи Гранти ҳукуматӣ миёни ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватандӯстӣ эълон гашт.

Ҳамчунин, 20 нафар беҳтаринҳо бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самтҳои адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия, 16 нафар бо ҷоизаи "Шуҷоат ва ҷавонмардӣ" сарфароз гардиданд. Дар ҳамин радиф, хабарнигори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Шодмон Қурбонов дар бахши рӯзноманигорӣ сазовори ҷоизаи Кумита гашт.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди неруи эҷодӣ, ҳифзу эҳёи анаъанаҳои миллӣ ва мусоидат ба интихоби касбу ҳунар аҳамияти махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ, қатъи назар аз вазъи мураккаби ҷаҳон, соли 2025 барои ҷавонон як қатор иқдому ташаббусҳои ҳавасмандкунанда амалӣ гардиданд.

“Ҷоизаҳое ки имрӯз супурда мешаванд, рамзи қадршиносии давлат аз ҷавонони фаъол, эҷодкор, навовар ва масъулиятшинос мебошад. Ин ҷоизаҳо натиҷаи меҳнати содиқона, иродаи қавӣ, дониши муосир ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад,” – гуфт муовини Сарвазир.


Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.01.2026 №: 17