ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Таҳдиди зиндон ба марде, ки занашро ба худкушӣ водор сохтааст
Мақомоти корҳои дохилӣ алайҳи як сокини ноҳияи Айнӣ (марди 28-сола), ки дар содир кардани ҷинояти ба худкушӣ расондан гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ин мард солҳо боз шаъну шарафи ҳамсараш - зани 26-соларо паст зада, 29-уми ноябри соли 2025 такроран ӯро латукӯб намудааст. Мунтаҳо, дар пайи шиканҷаҳои пайвастаи шавҳар ин зан 17-уми январи соли 2026 бо корди хоҷагӣ даст ба худкушӣ зада, дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳоло тафтиши ҳодиса бар асоси моддаи 109 қисми 2 (ба худкуши расондан)-и Кодекси ҷиноятӣ идома дошта, тибқи талаботи ин банди қонун ба марди занозор ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол таҳдид мекунад.
Қонуншиканӣ ҳаёти як занро доғдор кард
Кормандони милитсия аъмоли зани 54-солаеро мавриди тафтишот қарор додаанд, ки дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гумонбар мешавад.
Дар ин бора сомонаи ВКД хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда, ки сокини шаҳри Душанбе аст, аз моҳи майи соли 2024 то моҳи октябри соли 2025 ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри Турсунзода даромада, барои равон намудани ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ба яке аз давлатҳои Аврупо) 98 ҳазору 250 сомониашро гирифтааст.
Марди қаблан судшуда, бо ҷурми ғоратгарӣ дастгир шуд
Сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки маркази матбуоти ВКД аз ӯ марди 48-сола ном мебарад, ба гумони ғоратгарӣ дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.
Боздоштшуда, ки қаблан бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, 19-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Айнии пойтахт қарор доштанаш, марди 49-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо зарби мушт ба замин афтонда, телефони мобилӣ, пойафзолу кулоҳи варзишӣ ва 180 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари ба ҷабрдида расондашуда 1180 сомониро ташкил дода, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
