МАОРИФ ВА ИЛМ. ДАР ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ КӮШИШИ БЕШТАР ДОШТА БОШЕМ!
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 дар марҳалаи хосе сурат гирифт, ки мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари маҳбуби хеш ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ доранд. Аз ин рӯ, Паём чун солҳои қаблӣ аз ҷониби кулли мардуми кишвар ҳамчун дастури роҳнамо ва барномаи инкишофу пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра қабул гардид.
Дар баробари таҳлили амиқи дигар самту соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат дар Паёми навбатӣ низ илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардида, барои идомаи рушди он дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуданд. Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат ҳамеша рушди соҳаи маорифро дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дода, то кунун як қатор барномаҳои бунёдиро дар ин самт амалӣ сохтанд. Ин ҳақиқат дар Паёми навбатӣ ҳам бармало эҳсос гардида, Президенти кишвар маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидии низоми давлатдории миллӣ унвон кардаанд.
Пешвои муаззами миллат, илова ба ғамхориҳои пайвастаашон нисбат ба омӯзгорон тарҳи қонуни наверо ба миён гузоштанд, ки ҷойгоҳи баланди муаллим дар ҷомеаро таъмин мекунад. Дар поёни соли гузашта ин санади меъёрии ҳуқуқӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" қабул гардида, ба ҳукми амал даромад, ки боиси ифтихор ва хушнудии мо, аҳли маориф, гардид.
Таваҷҷуҳи амиқ ба соҳа, бамаротиб афзудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои олӣ дар кишвар, аз зинаи аввалин – таҳсилоти тоибтидоӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ дар навбати худ аз мо – омӯзгорон тақозо менамояд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва ниёзҳои ҷомеаи муосир эътибори махсус зоҳир намоем. Ҳангоми таълими шогирдон аз усулҳои муосири тадрис истифода намуда, ба тарбияи мутахассисони варзида даст ёбем, зеро дар ҳақиқат фардои дурахшони мо ба сатҳи донишу ҷаҳонбинии мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сахт марбут аст.
Ин аст, ки дар Паём ба масъалаи сифати таълим ва тарбия диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳамзамон таъкид гардид, ки муассисаҳо бояд бо барномаҳои муосири таълимӣ, таҷҳизоти зарурӣ, маводи дидактикӣ ва муҳити бехатару солими педагогӣ таъмин бошанд.
Бо назардошти далелҳои зикршуда, мо – омӯзгорон Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳамчун дастури раҳнамо ва таҳкимбахши фаъолияти худ дониста, кӯшиш менамоем, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар сатҳи матлуб иҷро намуда, рисолати пуршарафи худро дар роҳи хидмат ба халқу Ватан содиқона анҷом диҳем.
Комёр МАДВАЛИЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
