ҲИСОР. САДА МУЖДА АЗ НАВРӮЗ ОВАРД
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори Ҷашни Сада бо ҷалби доираи васеи меҳмонону сокинон, бахусус кишоварзон, чорабинии пуршукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар доираи барномаҳои ҷашнӣ дар кӯчаи ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов бо ташаббуси кормандони раёсати кишоварзӣ, муассисаву корхонаҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр намоиши намунаҳои техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маснуоти оҳангарӣ ва пухтупази миллӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ, баргузор шуд.
Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор пас аз боздиди намоиш дар бораи Ҷашни Сада, таърихи пайдоиш, моҳият, ҳадафҳо ва нақши бузурги он дар рӯзгори ҳазорсолаи мо суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд: «Сада бо таърихи қадимаи худ бузургтарин Ҷашни миллии тоҷикон ва аҷдодамон маҳсуб ёфта, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил менамуданд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо аз нав эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад. Ин аст, ки имрӯз Сада ба муҳимтарин Ҷашни миллӣ табдил ёфтааст, ки ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо маҳсуб меёбад.Таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳи умумимиллӣ нишонаи ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории мардуми диёр аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, ҳамзамон, рамзи меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ба эҳёи ҷашну маросимҳои миллии бостонӣ маънидод мегардад».
Раиси шаҳр дар ҷараёни чорабинӣ дар фазои тантанавӣ як қатор пешқадамони истеҳсолот ва собиқадорони соҳаи кишоварзиро, ки дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд гузоштаанд, бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
