Мулоқоти намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ

05 феврал 2026, Панҷшанбе
6


Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ, обу иқлим ва таҳкими робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ намуданд. Ш. Шерализода ба М. Чунгонг барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъватнома супурд.


АЙНӢ
5 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад
Соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ бунёди 5 корхонаи нави саноатӣ дар назар аст.
Ба иттилои МИМҲД ноҳия, бо ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои саноатӣ ба мутахассисони маҳаллӣ эҳтиёҷ пайдо мешавад. Айни ҳол музди меҳнат дар корхонаҳои ноҳияи Айнӣ аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ коҳиш ёфта, танҳо соли 2025 теъдоди онҳо 1700 нафар кам гардидааст, ки аксари онҳо ба корхонаҳои дохилӣ ҷалб шудаанд.


КӮЛОБ
Ҳамоиши илмӣ оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ
Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ – омили бақо ва устувории пояҳои давлатдорӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Ректори Донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллат аҳамияти ҳаётан муҳим касб намуда, худшиносии миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ хизмат мекунад. Миллате, ки гузашта ва арзишҳои худро амиқ мешиносад, метавонад ояндаи худро бо иродаи қавӣ ва эътимоди устувор бунёд намояд.

Санаи нашр: 05.02.2026 №: 24