АВВАЛИН ФЕСТИВАЛИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буданд, бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон 13 майи соли 2023 дар меҳмонхонаи Сиренаи шаҳри Душанбе аввалин Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз бонку ташкилотҳои молию қарзӣ ва суғуртавии ҷумҳурӣ намояндагон ҳузур доштанд. Ба иштирокчиён хизматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ пешкаш гардида, намоиши фаъолияти бонкӣ ва бозиву мусобиқаҳо гузаронда шуданд.
Доир ба баргузории Фестивали мазкур Шаҳло Раҳимзода, сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" андешаҳояшро чунин иброз намуд:
- Баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ заминаи хуб барои рушди ҳисоббаро-баркуниҳои ғайринақдӣ мебошад. Азхуднамоӣ ва истифодабарии пардохти ғайринақдӣ имрӯз усули аз ҳама осон ба ҳисоб меравад, чун истифодабаранда аз хона набаромада, метавонад тамоми хизматрасониҳои бонкии дар корташ фароҳамбуда, ба мисли пур намудани суратҳисоб ва ё пардохти хизматрасониҳои коммуналиро ба анҷом расонад. Мақсад аз баргузории чунин фестивалу чорабиниҳо татбиқ кардани ҳадафҳои вусъати ҳисобҳои ғайринақдӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии истифода аз пардохти фосилавӣ мебошад.
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05 март 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)