МАСТЧОҲ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ХОНАНДАГОН БО ҒИЗОИ СОЛИМ
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳияи Мастчоҳ ошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси соҳибкорон бунёд гардида, барои сохтмон ва таҷҳизондани он беш аз 400 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.
Ошхона дорои тамоми шароити муосир буда, дар як навбат имкони қабули 32 нафар хонандаро дорад. Дар маҷмуъ, 140 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ ҳар рӯз бо хӯроки гарм таъмин мегардад, ки ин иқдом ба беҳтар гардидани саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти наврасон мусоидат мекунад.
Фазои дохили ошхона барҳаво ва мутобиқ ба талаботи санитариву беҳдоштӣ буда, масоҳати умумии он 202 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ҷойи алоҳида ва мувофиқ барои омода намудани хӯрок бо таҷҳизоти зарурӣ муҳайё шудааст.
Ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ намунаи равшани масъулияти иҷтимоӣ ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ба шумор рафта, дар ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, таъмини ғизои солим ва саривақтии хонандагон нақши муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки ин иқдоми созанда дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин амалӣ гардидааст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
