ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ КӮҲКОРӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз омилҳои муҳими ин дастовардҳо, бешубҳа, Паёми ҳарсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мебошад, ки он пайғоми нек барои насли имрӯзу фардо баҳри созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар паёмҳои Сарвари давлат ба соҳаи рушди саноати кӯҳкорӣ ва металлургия, тайёр кардани мутахассисони ин соҳа низ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, борҳо таъкид намудаанд: «Яке аз масъалаҳои бисёр муҳим, ин тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Кишварамон имрӯз, алалхусус ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси геология ва соҳаи кӯҳкорию металлургияи сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад».
Дар ҳақиқат, яке аз омилҳои муҳими тараққиёти мамлакат ин коркарди сарватҳои зеризаминии табиӣ ба шумор меравад, ки тараққиёти соҳаро таъмин мекунад. Имрӯзҳо, корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, кушодани конҳои нави канданиҳои фоиданок, истихроҷ ва коркарди онҳо бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими тараққиёти саноат, аз ҷумла саноати кӯҳкорӣ ва металлургия, ба ҳисоб меравад. Ин имкон медиҳад, ки бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан ташкили ҷойҳои нави кор, ҳаллу фасл гарданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ босуръат вусъат ёфта, коркарди захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок ба роҳ монда шуда, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои коркади маъдан ва металлургӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Дар Паём (20-уми апрели соли 2006) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи саноати ҷумҳуриро таҳлил намуда, чунин зикр карда буданд: «Инкишофи саноати коркарди канданиҳои фоиданок яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Вобаста ба муҳимияти соҳа ва инкишофи саноати кӯҳкорӣ мо якчанд лоиҳаҳои барномавӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони маълумоти олидори соҳаи мазкурро амалӣ намуда истодаем».
Таъсиси аввалин Донишкадаи техникии соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ дар Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар баҳри рушди соҳаҳои саноати кӯҳӣ-металлургӣ, тайёр кардани мутахассисони асили соҳа ва таъмини корхонаҳои кӯҳӣ-металлургӣ бо мутахассисон Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли хониши 2006 – 2007 аввалин донишҷӯён аз рӯйи 10 ихтисос қабул гардиданд. Айни замон дар Донишкада аз рӯйи 29 ихтисос мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия тайёр карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кони канданиҳои фоиданок ва 800 зуҳуроти маъдандор маълум карда шудаанд. Дар ҷумҳурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани он захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Ба истифода додани заводи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол, ки ҳаҷми истеҳсолиаш 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад, корхонаи маъдантозакунии Такоб, корхонаи коркарди маъдан дар Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тиллои “Покруд” дар шаҳри Ваҳдат, дар навбати худ, тақозо доранд, ки мутахассисони баландпояи маҳаллии худро барои онҳо тайёр ва таъмин намоем. Ҳамаи инро ба назар гирифта, ҳайати омӯзгорону профессорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои тайёр кардани мутахассисони рақобатпазири ватанӣ дар соҳаҳои кӯҳкорӣ ва металлургия кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Донишкада бо роҳи таъмин намудани озмоишгоҳҳо ва утоқҳои дарсӣ бо таҷҳизоти таълимии замонавӣ ба такмили низоми таълиму тарбия, ташаккул ва мукаммал гардондани заминаҳои моддию техникӣ ва илмию методӣ, фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ аҳамияти хосса дода, бо ин васила, шароити муносиби касбомӯзиро муҳайё месозад.
Соли 2011 аввалин хатмкунандагони Донишкада соҳиби дипломҳои муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия гардида, то ин дам аксарияти мутахассисон, ки Донишкадаро хатм намудаанд, дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Ҳамин тариқ, афзудани теъдоди корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ ва металлургия, таъмини онҳо бо мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва коркарди самараноки захираҳои канданиҳои фоиданок яке аз омилҳои муҳими устувор шудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардида, ба ин васила мо метавонем ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ноил шавем. Барои расидан ба ин ҳадаф, қонеъ гардондани талаботи саноати кӯҳкорӣ ва металлургия бо мутахассисони касбӣ тамоми имкониятҳо ва захираҳои зеҳнӣ мавҷуд буда, сатҳи касбияти мутахассисон мунтазам баланд бардошта мешавад.
Гулӣ САМАДОВА,
доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
Икром АБДУЛЛОЕВ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
