АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ДУШАНБЕ ДАР ОҒӮШИ ГУЛ ВА БИНОҲОИ ОСМОНБӮС
Маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) давоми соли гузашта ба 36,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба соли пеш 8,3 дарсад зиёд мебошад, ки саҳми он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин давра МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 126 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 123 дарсад, савдои дохилӣ 117 дарсад, хидматрасонии пулакӣ 120 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 132 дарсад, боркашонӣ 115 дарсад ва мусофиркашонӣ 114 дарсад афзуд.
Дар ин бора Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда барои расидан ба нишондиҳандаҳои баланди соҳаи саноати шаҳр низ дар ин муддат заминаи мусоид фароҳам овард. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 854 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи беш аз 6,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 126 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 63 корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 8 ҳазор ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин, дар ин давра бо иштироки Президенти мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе 7 корхонаи нав дар самтҳои истеҳсоли сарулибоси гуногун, маҳсулоти заргарӣ, сафолакҳо, хишти сабук, оҳак, обҳои ташнагишикан ва гӯшт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои навину аз лиҳози экологӣ тоза ифтитоҳ ёфт. Дар ин корхонаҳо 1 400 ҷойи нави кор фароҳам омад.
Ба иттилои муовини якуми раиси шаҳр то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани иншооти зиёди таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла варзишгоҳи бузурги кишвар бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар назар аст.
Бо рушди ҳамаҷониба шаҳри Душанбе дар миқёси ҷаҳон ҳамчун шаҳри сарсабзу гулгун ва зебо шуҳрат пайдо кардааст. Мувофиқи таҳлилҳо, аз шумораи умумии сайёҳони ба ҷумҳурӣ омада, 61 дарсад ё 1,1 миллион нафари онҳо аз шаҳри Душанбе дидан кардааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ЖИЛО ГУЛНАЗАРЗОДА: “НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ БОЛО РАФТ”
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бори нахуст омӯзиши забони испанӣ ва веб-рӯзноманигорӣ роҳандозӣ гашта, бо қабули комил донишҷӯёнро фаро гирифт.
Дар ин хусус ректор Жило Гулназарзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Дар Донишгоҳ Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, аз ҷумла низомҳои эътирофшудаи «TOEFL», «IELTS», «ТРКИ» таъсис дода мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии ин иқдом иҷозат дода шуда, корҳои ташкилию методӣ расман оғоз гардиданд.
Иброз гашт, ки соли 2025 Донишгоҳ бо донишгоҳҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз давлатҳои Ҳиндустон, Британияи Кабир, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон ва ИМА 11 ёддошти тафоҳум, созишнома ва шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.
– Яке аз дастовардҳои муҳим ба имзо расидани созишнома бо донишгоҳи Кембриҷ барои таъсиси Маркази байналмилалии тестии «Linguaskill» мебошад. Ин имкон медиҳад, ки сатҳи дониши забони англисӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад, – афзуд Жило Гулназарзода ва мужда расонд, ки Донишгоҳ МТМУ №68-и ноҳияи Раштро, ки дар натиҷаи заминларза зарар дида буд, аз нав сохта ба истифода дод.
Б. БАҲОДУР
НОҲИЯИ СИНО
5 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад
Раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ ноҳия ба истифода додани 5 корхонаи саноатиро бо 660 ҷойи корӣ ба нақша гирифтааст. Ин корхонаҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, зарфҳои пластикӣ, обҳои ташнагишикан ва ғайраҳо равона шуда, аксари маҳсулоташон воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда мебошанд.
Ҳамзамон, тибқи иттилои мақомот, дар соли 2025 – ум дар ноҳия 6 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 412 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 341 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо истеҳсоли 82 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмуъ, ба маблағи 2 миллиарду 708,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2024-ум ба маблағи 727,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 136,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Мувофиқи таҳлилҳо саноати ноҳия тамоюли рушди мунтазамро нигоҳ дошта, дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми худро гузошта истодааст.
Шаҳноз ҚУРБОН
САЙЁҲӢ
Соли гузашта ба кишвар 1 миллиону 700 ҳазор сайёҳ омад
Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард. Аз ин теъдод беш аз 1 миллиону 600 нафар ба давлатҳои ИДМ ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Дар ин бора дар Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд.
Бино ба маълумоти раиси Кумита Ҷамшед Ҷумъахонзода, дар соли гузашта сайёҳон асосан аз кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Чин ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо бештар ба сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, экологӣ ва гастрономӣ мароқ зоҳир намуданд.
– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳон бештар дар асоси бастаҳои муштарак аз Тоҷикистон дидан мекунанд, – гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода. Бинобар ин, мо ҳамкориҳоро бо кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайраҳо беҳтар карда истодаем, то бастаҳои сайёҳӣ якбора чор кишвари минтақаро дар бар гиранд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ба хотири беҳтар кардани хидматрасониҳо ба сайёҳон махзани электронии хидматрасониҳо ва портали махсус вобаста ба пешниҳоди маълумот оид ба инфрасохтори сайёҳӣ дар марҳалаи таҳия қарор доранд.
Шаҳноз ҚУРБОН
ВМКБ
Агентӣ 6,1 млн сомонӣ зарари молиявиро ошкор сохт
Соли 2025 кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 58 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, ба маблағи 6,1 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд.
Ин нуктаро Акрамзода Фахридин, сардори раёсати Агентӣ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба иттилои ӯ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи раёсат дар давоми сол 126 ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаро нисбати 50 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 23 парвандаи ҷиноятиро нисбати 36 нафар ба итмом расонда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР
КОНИБОДОМ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд
Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2025 гузориш дод. Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 415 миллиону 290 ҳазор сомонӣ расид.
Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 72 корхонаи хурду миёна ва калони саноатӣ 32-тоаш ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуд, 13 корхона фаъолияти худро аз нав оғоз кард, дар 15 коргоҳ коҳиши истеҳсолот ба қайд гирифта шуд, 10 корхона бинобар норасоии ашёи хом, маблағҳои гардон ва хусусияти мавсимии фаъолият муваққатан аз кор бозмонд.
Раиси шаҳр гуфт, ки дар аксари самтҳои хоҷагии халқ пешравию дастовардҳо ба назар мерасанд, аммо дар баробари ин, дар баъзе соҳаҳо мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд, ки таҳти назорати масъулини дахлдор қарор дошта, ҷиҳати бартараф намуданашон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар нишаст рӯзноманигорон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла соҳаҳои маорифу фарҳанг, вазъи муассисаҳои таълимӣ, масъалаи сари вақт бардоштани партовҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ ва чораҳои коҳиш додани он, татбиқи лоиҳаҳои муҳими шаҳрӣ, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани низоми биллингии пардохти истифодаи неруи барқ, таъминот бо оби ошомидании босифат, бунёди пул аз болои дарёи Сир байни шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, бунёди боғҳои нав, хусусан боғҳои интенсивӣ иттилооти мушаххас гирифтанд.
Сурайё ҲАКИМОВА
Татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар Бӯстон
Дар шаҳри Бӯстон нишасти матбуотии раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид ва ӯ иброз дошт, ки дар соли 2025 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 932,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти тақсимоти қувваи барқ 839,5 миллион сомониро ташкил дод. Зиёда аз 70 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, 33 номгӯ нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфт. Ба таъкиди раиси шаҳр, ин омор далели мутобиқшавии корхонаҳо ба талаботи бозор мебошад.
Иттилоъ доданд, ки то 1-уми январи соли 2026 дар шаҳр 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 4 миллиону 167 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёти шаҳр мусоидат кард.
Ба корҳои бунёдкориву созандагӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 220 иншоот ба истифода дода шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА
