ШОМИ ШАНБЕ
![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ФИЗИКА»
Дар ин филворд насаби шахсиятҳое, ки бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика сазовор гаштаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ҶОИЗАИ СУЛҲИ НОБЕЛ»
1. Муҳаммадӣ. 2. Юнус. 3. Ибодӣ. 4. Мурод. 5. Кармон. 6. Содот 7. Дюнан. 8. Дюкоммен.
9. Зутнер. 10. Рузвелт. 11. Арнолдсон. 12. Беернарт. 13. Ассер. 14. Брантинг. 15. Чемберлен. 16. Орр. 17. Макбрайд. 18. Корриган. 19. Мандела. 20. Маатаи. 21. Муквеге. 22. Ресса.
ЧАРО АЗ АМАЛҲОИ ИНСОНГАРОЁНА ПАЙГИРӢ НАКУНЕМ?!
Дар Африқои Ғарбӣ миёни бархе қабилаҳо муҷозоти шахси хатокор бар рағми дигар усулҳои маъмулӣ ҷанбаи мусбат дорад. Агар касе ҷурме содир кард, дар байни мардум ба муҳокима мекашанд, аммо на ба мақсади танқид ё сахтгӯйӣ, балки аз сифоти хубаш ёдовар мешаванд.
Мардумони қабилавии Африқои Ғарбӣ ба ин боваранд, ки ҳеҷ инсон зотан бад нест, вале гоҳо ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳимояти ӯ аз ҳар навъ танбеҳ ва маломат кардан натиҷаи хуб медиҳад. Ин амалро дар байни онҳо “убунту” меноманд, ки маънои инсонгароиро дорад.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОНГИ САҲАРХЕЗОНУ ДАРДИ САРИ ҒАФЛАТЗАДАГОН
Алӣ Шариатӣ дар дафтари хотироташ менависад:
«Ман ба дӯстам гуфтам:
– Чаро хурӯси шумо бонг намезанад?
Ӯ гуфт:
– Ҳамсояҳо аз он шикоят карданд, зеро субҳи барвақт онҳоро бедор мекард... Бинобар ин, мо онро забҳ кардем.
Ҳамон вақт ман фаҳмидам, ки дар тули таърих, ҳар касе одамонро аз хоби ғафлат бедор мекунад, ҳамеша касе пайдо мешавад, ки мехоҳад сари ӯро бурида партояд.
Дар ҳаёти мо одамон дар бораи мурғҳо гап мезананд, аммо касе аз хурӯсҳо ёдовар намешавад. Мардум дар бораи он фикр мекунанд, ки кӣ шиками онҳоро сер мекунад, аммо дар бораи он фикр намекунанд, ки кӣ ақл ва андешаи онҳоро бедор мекунад».
Тарҷимаи
Шодмон АБДУРАҲИМ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҲАР КИРО АЗ БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД…
Шуҳрати таърихӣ ва ҳам ҷаҳонии Уинстон Черчилл ба ҳайси яке аз сиёсатмадорони саршинос, бешубҳа, бузург аст. Вале ин шахсият паҳлуҳои дигари рӯзгор ҳам дорад, ки аксарият тавони бовар кардан надоранд. Фарзи мисол, агар гӯем, ки Черчилл нақши Ромеоро бозидаву роҳгум задааст, оё зиёд нафарон бовар мекунанд? Албатта, не. Вале далел аст, ки Уинстон Черчилл дар ҷавонӣ шавқи актёрӣ дошт. То ҳадде, ки боре ҳам дар намоишномаи «Ромео ва Ҷулетта» нақши асосиро бозидааст. Вале дар авҷи намоишнома ӯ нутқашро фаромӯш карда роҳгум мезанад. Пас аз чанд лаҳзаи дар хиҷолат будан, дигар чи кор карданашро надониста, ба Ҷулетта рӯ оварда мегӯяд: «Азизам давоми нутқи ман чӣ буд?». Ин амалкарди актёри ҷавон чунон завқи тамошобинонро ба шӯр меорад, ки аз хандаи баланди толор идома додани намоишнома ғайриимкон мешавад. Барои ҳамин фармудаанд: «Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд…».
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ҲАР АМАЛ ПОДОШЕ ДОРАД
Подшоҳи хирадманде сангеро дар роҳ партофт ва барои санҷиши фаросати мардумон пушти буттаҳо пинҳон шуд. Баъзе аз бозаргонону сарватмандон ва надимони подшоҳ савори асп аз ин роҳ мегузаранд ва мегӯянд: «Ин чӣ шаҳрест ки назм надорад? Ҳокими ин шаҳр аҷаб марди бенизоме будааст». Ҳеҷ кадоме тахтасангро аз роҳ намегиранд ва гузашта мераванд.
Наздики ғуруби Офтоб рустоие, ки дар пушташ бор дошт аз ин роҳ мегузарад ва борашро ба замин гузошта, тахтасангро бо заҳмате канори роҳ мегузорад. Он гоҳ аз таги тахтасанг халтаи сиккаи тилло ва ёддоште пайдо мекунад. Подшоҳ дар ёддошт навишта буд: «Ҳар як амал зиндагиро тағйир медиҳад. Зиндагӣ ин амал намудан аст. Ин шакар нест, ки чойро ширин мекунад, балки ҳаракати қошуқи чойхӯрист, ки боиси ширин шудани чой мегардад. Пас, амал бояд кард».
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АҶАБ БЕМОРЕ
Дар назди духтур:
–Тамоку мекашед?
– Не, астма дорам.
– Арақ менӯшед?
– Не, фишори хунам муътадил нест.
– Варзиши вазнин чӣ?
– Не, синну сол имкон намедиҳад.
– Гӯшти гӯсфанд зиёд истеъмол мекунед?
– Умуман намехӯрам. Меъда «иҷозат» намедиҳад.
– Сабил монад. Ман ба шумо дигар чиро парҳез фармоям?!
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
САВОЛИ ИЛОВАГӢ
– Писарам, агар корманди бонки мо шудан хоҳӣ, бояд боз ба як саволи иловагӣ ҷавоб гӯйӣ.
– Кӯшиш мекунам, муҳтарам вазир.
– Лутфан бигӯед, ки аз ҳама пирамидаи боэътимоди молиявӣ кадом аст?
– Фонди ҳифзи иҷтимоӣ?
– Чаро?
– Худатон қазоват кунед, аз 18-сола то 63-сола куҷое корманде ҳаст, ба ин фонд ҳармоҳа ҳақ месупорад, вале танҳо онҳое ҳақ мегиранд, ки то нафақа зинда мемонанд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
АЛКАРАС – ЧЕМПИОНИ AUSTRALIAN OPEN
Тибқи иттилои сомонаи www.championat.com, ракеткаи якуми ҷаҳон Карлос Алкарас 1-уми феврал дар бозии ниҳоии чемпионати кушоди Австралия оид ба теннис Новак Ҷоковичи достонро бо ҳисоби 3:1 (2:6, 6:2, 6:3, 7:5) шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардид. Гуфта мешавад, ки ин ҳафтумин ғалабаи Алкарас дар мусобиқаҳои Гранд-слам мебошад.
Бо ин пирӯзӣ Алкарас дар таърихи теннис номи худро бо хатти зарин сабт намуд: акнун ӯ ҷавонтарин теннисбозе (дар синни 22-солагиву 272 рӯза буданаш ба ин дастовард комёб гашт) ба ҳисоб меравад, ки тули карйерааш дар ҳамаи мусобиқаҳои Гранд-слам – Australian Open, Roland Garros, Wimbledon, US Open пирӯзӣ ба даст овардааст.
Таҳияи Ш. ШОКИР
МЕҲМОНХОНА ДАР МОҲ
Ширкати амрикоии “GRU Space” аз нақшаи сохтани аввалин меҳмонхонаҳо дар Моҳ хабар дод. Дар хабар, аз ҷумла омадааст, ки ширкат аз соли 2032 ба он ҷо фиристодани сайёҳонро оғоз менамояд.
Тибқи иттилоъ дар марҳалаҳои аввал, меҳмонхонаҳо дар баробари сайёҳон ба Моҳ расонда мешаванд. Инҳо модулҳои пуфшаванда хоҳанд буд, ки барои ҷойгир кардани аз ду то чор нафар тарҳрезӣ шудаанд. Бо се парвоз дар як сол, арзиши як парвоз барои сайёҳон 416000 доллари ИМА хоҳад буд. Минбаъд сохтани сохторҳои мураккабтар бо истифода аз маҳсулоти ҳам Замин ва ҳам сатҳи Моҳ дар назар дошта шудааст. Ин меҳмонхонаҳо метавонанд 10 меҳмонро қабул кунанд ва арзиши як сафар, эҳтимолан, то 83 000 доллар коҳиш ёбад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ДИҚҚАТ! РУБРИКАИ НАВ
ҲАФТ БИНОИ ОСМОНБӮСИ ҶАҲОН
1. Бурҷ Халифа (Дубай, 828 метр)
4-уми январи соли 2010 дар Амороти Муттаҳидаи Араб кушодашавии Бурҷ Халифа – баландтарин бинои осмонбӯси ҷаҳон баргузор шуд. Барои сохтани он шаш сол лозим омад. Баландии ниҳоии биноро то кушодашавӣ махфӣ нигоҳ доштанд. Хароҷоти сохтмон 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар маҷмуъ, дар манора 163 ошёна мавҷуд аст.
Дар аввал, бинои осмонбӯс Бурҷ Дубай ном дошт, аммо баъдтар қарор қабул гардид, ки манора ба шарафи яке аз президентҳои собиқи АМА Халифа ибни Зоид оли Наҳаён номгузорӣ шавад.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
АЗ ИШҚУ БОВАР ТО УМЕДИ ЗИСТАН
Чаҳор шамъ оҳиста месӯхт ва об мешуданд. Фазои ҳуҷра он қадар ором буд, ки садои суҳбати онҳоро шунидан имкон дошт.
Аввалӣ гуфт: "Ман Оромӣ ҳастам. Мутаассифона, одамон намедонанд, ки чӣ тавр маро ҳифз кунанд. Фикр мекунам, ки ман чорае ҷуз хомӯш шудан надорам ва хомӯш гашт.
Дуюмӣ гуфт: "Ман Бовар ҳастам. Мутаассифона, ба касе лозим нестам. Одамон намехоҳанд дар бораи ман чизе шунаванд, аз ин рӯ, дигар сӯхтан маъное надорад". Дар ҳоле ки ба зӯр сухан мегуфт, аз сӯхтан монд.
Сеюмӣ бо ғамгинӣ гуфт: "Ман Ишқ ҳастам. Ман низ дигар қуввати сӯхтан надорам. Одамон маро қадр намекунанд. Онҳо намедонанд, ки чӣ тавр муҳаббат диҳанд ва чӣ гуна онро қабул кунанд".
Ҳамин ҳангом кӯдаке ба ҳуҷра даромад. Се шамъи хомӯшшударо дида, тарсид ва фарёд зад: "Шумо чӣ кор мекунед? Бояд фурӯзон бимонед, ман аз торикӣ метарсам!" Ва инони гиря сар дод.
Шамъи чорум бо ҳаяҷон гуфт: "Натарс ва гиря накун. Дар ҳоле ки ман месӯзам, ту метавонӣ се шамъи дигарро фурӯзон намоӣ, зеро ман УМЕД ҳастам".
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ПАНДИ БУЗУРГОН
Ҳар тане, ки дар ӯ илм нест, чун шаҳрест, ки дар
он об нест ва ҳар тане, ки дар ӯ парҳез нест, чун
дарахтест, ки дар он самар нест.
***
Аз пули номардон убур накун, бигзор туро об барад.
Аз тарси шер пушти рӯбоҳ паноҳ набар, бигзор туро шер
бидарад. Бабр бош ва даранда, вале чун оҳу бегуноҳ аст,
аз канораш ором бигузар.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
КИТОБЕ, КИ ЯК АСР БОЗ ЧОП МЕШАВАД
Повести “Винни-Пух” аввалин бор 14-уми октябри соли 1926 нашр шудааст. Баъд аз ин, асари нависандаи британӣ Алан Милн ба серхаридортарин адабиёти кӯдакон дар ҷаҳон табдил ёфт, ки сад сол боз рӯйи нашр меояд.
Ин китоб аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуда, 150 000 нусхаи он дар дую ним моҳ (то охири соли 1926) ба фурӯш рафт, ки муваффақияти калони тиҷоратӣ низ ба даст овард.
“Винни-Пух” ба ҳафтоду ду забон тарҷима шудааст.
Соли 2003 “Винни-Пух” дар феҳристи “200 романи бузургтарин тибқи фарзияи Би-би-си” дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.
Таҳияи З. РАҶАБ
БРЕНДИ «MOSCHINO»
Муваффақияти Франко Москино, ҳамчун тарроҳ соли 1971 оғоз ёфт. Вақте ки ӯ рассоми Ҷанни Версаче шуд, дар шаш соли оянда корашро дар хонаи мӯди худ идома дод. Дар аввал ӯ либосҳои одӣ ва шимҳои ҷинс медӯхт, баъдан ба истеҳсоли либосҳои занона, мардона, либоси шабнишинӣ, пойафзол ва хушбӯйиҳо оғоз кард.
Бренди «Moschino» соли 1983 таъсис ёфта, соли 1990 маъруф шуд. Франко Москино дар 44-солагӣ аз бемории саратон даргузашт ва ёвари собиқаш Росселла Ҷардини идомадиҳандаи кори ӯ шуд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
АФСОНА ХОНЕД
Аз олими бузург Алберт Эйнштейн суол карданд, ки чӣ бояд кард, то фарзандони мо боақлу закӣ шаванд? Ҷавоби аллома муқаррарӣ ва ҳакимона буд: "Агар шумо хоҳед, ки фарзандонатон боақл бошанд, барояшон китоби афсонаҳоро хонед. Агар хоҳед, ки онҳо беш аз ин боақлу закитабъ бошанд, барояшон бештар китобҳои афсонаҳоро бихаред".
Таҳияи З. РАҶАБ
МӮЗАРО КӢ ДУРТАР МЕПАРТОЯД?
Аз боби мусобиқаҳои аҷиб миёни мардуми дунё
Ин як чемпионати расмии варзишӣ мебошад, ки аз соли 1978 дар Финляндия баргузор мегардад. Дар мусобиқа мардон метавонанд мӯзаҳои резинии андозаи 43-юмро бо вазни то 1 килограмм партоянд, занон бошанд, андозаи 38-умро бо вазни то 800 грамм. Ҳадаф – ҳарчи дуртар партофтани пойафзор аст. Мусобиқа дар чанд марҳала мегузарад. Пас аз даври аввал, 12 иштирокчии беҳтарин интихоб мешавад ва онҳо боз се партофт анҷом медиҳанд, ки аз натиҷаи он ғолиб муайян мегардад.
Дуртарин партофт ба масофаи 64 метр соли 1996 сабт шудааст. Ин натиҷа ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” ворид гардидааст ва то имрӯз касе натавонистааст онро шиканад.
Таҳияи Н. АБДУЛҲАҚОВ
ДОРОТАРИН АКТЁРИ ОЛАМ КИСТ?
Тибқи гузориши видеоии шабакаи иҷтимоии “YouTube”, айни замон ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд Арнолд Шварсенеггер сарватмандтарин актёри олам ба ҳисоб меравад. Тавре зикр мегардад, дороии ӯ 1 миллиарду 490 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Актёри амрикоӣ Тайлер Перри ва ҳунарманди шуҳратёри Болливуд Шоҳрух Хон бо дороии 1,4-миллиарддолларӣ дар мақоми дувум қарор доранд.
Актёри дигари амрикоӣ Дуэйн Ҷонсон бо бойигарии 1 миллиарду 190 миллион доллар дар ҷойи сеюм мебошад.
Таҳияи Нӯшофарин АБДУЛЛОЗОДА
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
* Заҳри моҳии фугу тақрибан 30 нафарро мекушад ва дору бар зидди он вуҷуд надорад.
* Ҳаштпо дар як вақт то 80 000 тухм мегузорад.
* Котлетҳои гамбургери “Макдоналдс” метавонанд гӯшти садҳо гов ё бештар аз он дошта бошанд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ЗИНЕДИН ЗИДАН
Зинедин Зидан, собиқ футболбози фаронсавӣ, яке аз бозингарони машҳуртарин дар таърихи футбол дониста мешавад. Ӯ бо тими Фаронса чемпиони ҷаҳон (1998) ва чемпиони Аврупо (2000) шудааст. Зидан дорандаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 1998 мебошад. Бошгоҳҳое, ки ӯро машҳур карданд «Ювентус» ва «Реал Мадрид» маҳсуб мешаванд.
Зидан се бор (1998, 2000, 2003) барандаи ҷоизаи Бозигари сол гардида, соли 2004 аз ҷониби УЕФА беҳтарин футболбози 50 соли охир ва соли 2016 аз ҷониби France Football беҳтарин футболбози фаронсавӣ дар таърих дониста шуд. Зидан соли 2016 мураббии бошгоҳи «Реал Мадрид» таъин гардида, бо он се маротиба пайиҳам ғолиби мусобиқаи бонуфузи Лигаи қаҳрамонҳо шуд, ки то ҳол чунин муваффақият ба касе муяссар нагаштааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
Санаи нашр: 06.02.2026 №: 25