Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар шаҳри Абу-Забӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Саид ибни Муборак ал-Ҳоҷирӣ вохӯрд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.
АГЕНТИИ ОМОР
Ҷамъомад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва экстремизм
Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони Агентӣ ва кормандони раёсати омор дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки экстремизм ва терроризм дар замони имрӯза аз ҷумлаи умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, таваҷҷуҳи на танҳо як давлат ва ё минтақа, балки тамоми ҷомеаи башариро тақозо дорад. Танҳо бо ҳамкорию ҳамгироии доираи васеи давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ метавон натиҷаи мусбат ба даст овард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм фароҳам оварда шуда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ пурзӯр намоянд, то ки амнияту осоиштагии ҷомеа ва давлатамонро нигоҳ дорем.
ХАТЛОН
Кашфи ганҷинаи сиккаҳои бостонии асри I
Як сокини маҳаллии ноҳияи Шаҳритус ҳангоми иҷрои корҳои заминдорӣ ганҷинаи аҳди бостонро ёфт, ки дар дохили як кӯзачаи сафолӣ сиккаҳои зангзада буданд.
Гурӯҳи таҳқиқотӣ аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба ноҳияи Шаҳритус рафта, ганҷинаро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оварданд.
Дар натиҷаи омӯзиши ибтидоӣ, муайян гардид, ки ганҷина зиёда аз 150 сиккаи мисии аҳди Кушониёнро дар бар мегирад. Аксари сиккаҳои ёфтшуда ба асри якуми милодӣ мансуб буда, бо фармони шоҳаншоҳи Кушониён Вима Такту омода шуда, таърихи 2000-сола доранд.
ҶАЙҲУН
Кишти картошка идома дорад
Соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун дар масоҳати 346 гектар картошка кишт карда мешавад.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод, то имрӯз дар беш аз 110 гектар картошка кишт шудааст ва кишоварзон бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ корҳои саҳроиро вусъат бахшиданд.
Умуман, соли равон дар вилояти Хатлон, бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурра гардондани сабади истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, кишти картошка дар 8 ҳазор гектар дар назар аст.
ДАНҒАРА
Озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара озмуни ноҳиявии «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор гардид.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мақсади асосии озмун тарбияи ҷомеа, тайёр намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона, омода намудани таомҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, тарзи пешниҳоди таом ва одоби меҳмондорӣ ва сарфакорӣ мебошад.
