«МОҲӢ ДАР ШАСТ». ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ "ТОҶИКФИЛМ" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

10 феврал 2026, Сешанбе
18


Намоиши филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд истиқболи гарм ёфт. Ин иқдом бо иштироки аҳли зиё, рӯзноманигорон ва ҳаводорони синамо баргузор гардида, фазои шаҳру деҳотро бо маърифат пур кард.

Тамошои дастаҷамъонаи филм дар Кохи Лоиқ Шеларии шаҳри Панҷакент, кохи фарҳанги шаҳри Конибодом ва кохи "Суғдиён"-и Хуҷанд бо иштироки густурдаи бинандагон сурат гирифт.
Филм маҳсули ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», «Довфилм» ва ширкатҳои эронии «IFilm» ва «30 CUP» мебошад. Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар, филмноманавис Бахтиёр Каримов аст. Асар бо андешаи фалсафӣ ба масъалаҳои сарнавишт, интихоби инсон ва раҳоӣ аз «шаст»-ҳои хатарноки зиндагӣ рӯ меорад. Қаҳрамони асосӣ кӯдаке бо номи Далер буда (Абдулло Абдураҳимзодаи 10-сола), дар маркази тамоми ҳодисаҳои драмавӣ маҳз ӯст.
Рӯзноманигор Маъмурахон Самадова баъд аз тамошои филм дар шаҳри Хуҷанд гуфт: “Муҳиддини Музаффар бо ҷустуҷӯҳои бадеӣ ва филмҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ ба рушди синамои миллӣ саҳм мегузорад. «Моҳӣ дар шаст» исбот кард, ки синамои тоҷик метавонад бо забони ҳунар бо бинандаи имрӯз гуфтугӯйи ҷиддӣ анҷом диҳад”.
Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши филм моҳи октябри соли 2025 дар 30-юмин Кинофестивали байналмилалии кӯдакон ва наврасони “Шилингел”, дар шаҳри Хемнитсеи Олмон баргузор шуда, баҳои баланди тамошобинон ва аҳли ҳунарро соҳиб гардид.
Дар оғози соли 2026 бошад, иҷрокунандаи нақши асосӣ Абдулло Абдураҳимзода дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Дакка соҳиби ҷоизаи «Таҳсини вижа» шуд.

Сурайёи ҲАСАНСУЛТОН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.02.2026 №: 26