СОҲАИ АЛОҚА. ЭЪТИМОДИ МАРДУМ НААФЗУД, ЧАРО?
Соли 2025 барои соҳаи алоқаи кишвар сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, марҳалаи муҳим ва заминасоз арзёбӣ мегардад. Тавре зимни нишасти хабарӣ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Саъдулло таъкид намуд, ин сол на танҳо бо дастовардҳои назаррас, балки бо оғози марҳалаи нави ислоҳот ва банақшагирии стратегии соҳа ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта фарқ мекунад. Ҳарчанд ҳанӯз як қатор мушкилоти соҳа ҳалталаб боқӣ мемонанд. Тибқи иттилои Исфандиёр Саъдулло куҳна ва фарсуда будани қисме аз инфрасохтор, маҳдудияти хатҳои интиқоли маълумот, шароити мураккаби ҷуғрофӣ, норасоии сармоягузорӣ ва кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба сифати хизматрасониҳои алоқа таъсир мерасонанд.
Тавре мавсуф таъкид кард, таносуби истифодаи интернети мобилӣ ва собит дар кишвар 85 ба 15 фоизро ташкил медиҳад, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ фарқ дорад. Аз ин рӯ, рушди интернети собит ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, дар панҷ соли оянда таъмини то 800 ҳазор хоҷагӣ бо интернети собит дар назар дошта шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз иқдомҳои муҳими соли 2025 таҳияи лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мебошад. Ин санади стратегӣ ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи рақамӣ, густариши рақобати солим ва таҳкими иқтисоди миллӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегия барои солҳои 2026 – 2030 дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дошта, қабули он заминаи ҳуқуқӣ ва амалӣ барои рушди босуботи соҳа фароҳам хоҳад овард. Он ҳамаи самтҳои пешбарандаи соҳаро фаро гирифта, ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Омодасозии кадрҳои баландихтисос яке аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Айни замон 26 муассисаи таҳсилоти олӣ дар ин соҳа мутахассис тайёр менамояд. Таъсиси мактаби барномасозии «Школа 21», Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ҳамкории фаъол бо ширкатҳои мобилӣ далели равшани гузариш ба сиёсати нави кадрӣ мебошад.
Дар баробари ин, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои почта нишон медиҳад, ки соҳаи алоқа тадриҷан ба муҳаррики асосии рақамикунонии иқтисод табдил меёбад.
Ҳамин тариқ, таҳлили фаъолияти соҳаи алоқа дар соли 2025 нишон медиҳад, ки соҳа дар марҳалаи гузариш аз ҳалли мушкилоти ҷорӣ ба рушди стратегии дарозмуддат қарор дорад. Ҳарчанд масъалаҳои сифати алоқа, инфрасохтор ва таъминоти барқ ҳанӯз боқӣ мондаанд, тадбирҳои андешидашуда ва дурнамои стратегии то соли 2040 имконият медиҳанд, ки дар солҳои наздик соҳаи алоқа ба сатҳи нав бароварда шавад.
Бо татбиқи пайгиронаи стратегия, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорӣ, соҳаи алоқа метавонад ба яке аз бахшҳои калидии рушди устувори кишвар табдил ёбад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.02.2026 №: 26