ТАНДУРУСТӢ. ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТИ МОРО МЕАФЗОЯД

10 феврал 2026, Сешанбе
20


Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоист, ки соҳаи тандурустиро низ фаро мегирад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ ва буҳронҳои пай дар пай, дар кишвари мо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо рушди инфрасохтор, роҳандозии барномаҳо барои таъмини саломатии аҳолӣ бомаром идома дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки давлат барои пешбурди соҳаи тандурустӣ ҳамеша тадбирҳои муҳим меандешад ва ин ба сифати зиндагиву дарозумрии аҳолӣ ва саломатии маҷмуии ҷомеа таъсири мустақим дорад.
Вобаста ба ин, гурӯҳҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ дар кишвар вазифадоранд, то дар рушди илмҳои тиббӣ, техникӣ ва математикӣ саҳм гузоранд. Дар Паём масъалаи дастгирии кадрҳои илмӣ мавқеи махсус дошт. Президенти кишвар зарурати беҳтар кардани шароити кории олимон, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи илм ва ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмиро махсус таъкид намуданд.
Кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли сипаришуда таҳлили иммуногистохимиявиро дар ҳамаи омосҳои бадсифат ба роҳ монд. Таҳлилҳои генетикии омосҳои бадсифати меъда, рӯда, ғадуди ширӣ, тухмдонҳо, шуш бо усули (PD-L1, PD-1, MSI, BRCA1/BRCA2) ба роҳ монда шуд. Онкомаркери SCC (A) барои муайян намудани саратони суфтаҳуҷайра (гарданаки бачадон, саратони гулубинӣ), ташхиси миелограмма ва ликвор ҳангоми бемориҳои системаи гемобластозҳо ва пешгирии лейкимитизатсияи мағзи сар татбиқ гардид.
18-уми ноябри соли 2025 бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Маблағгузории сохтмони бинои мазкур пурра аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмин гардида, дар маҷмуъ, 30 000 000 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, бинои як муассисаи тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки соли 2023 ба истифода дода шуда буд, ба ихтиёри Маркази саратоншиносии вилоятии шаҳри Кӯлоб гузашт. Арзиши умумии харҷномавии иншооти мазкур мувофиқи санадҳои лоиҳавию нархномавӣ 30 906 700 сомонист. Ифтитоҳ ва ба истифода додани биноҳои нави муассисаҳои саратоншиносӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои саратоншиносӣ ва самаранокии фаъолияти табибони ин соҳа шароити мусоид фароҳам овард.
Пазируфта шудани Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 - 2029, созмон додани Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи саратоншиносони Тоҷикистон”, оғози чопи маҷаллаи илмии “Саратоншиносии Тоҷикистон” барои беҳтар муаррифӣ шудани корҳои илмии мо мусоидат хоҳанд кард.
Воқеан ҳам, рушди соҳаи тандурустӣ бе илм ғайриимкон аст, зеро дар илми тиб ҳамарӯза дигаргуниҳо ва навгониҳо дида мешаванд. Ҳатто ҷарроҳиҳои роботӣ, рақамисозӣ ва рушди барномаҳои байналмилалии омӯзиш босуръат рушд мекунанд. Дар баробари афзудни бемориҳо дарду дармон ва доруҳои гуногун низ падид меоянд, ки барои идораи мунтазами он илми тиб чун обу ҳаво зарур аст.
Маҳз илми замонавӣ имкон медиҳад, ки усулҳои нави ташхис ҷорӣ, табобати бемориҳои мураккаб осонтар ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ баланд гардад. Дар ин замина, дар Паём ба масъалаи тарбияти табибони баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсилоти тиббӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ҳатмист.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими Паём рақамисозии соҳаҳои илм ва тандурустӣ мебошад, зеро бе истифодаи технологияҳои муосир рушди илм ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани лабораторияҳои муосир, платформаҳои рақамӣ ва таҳқиқоти илмӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ муҳим дониста шуд.
Дар масъалаи ба таври электронӣ анҷом додани корҳо низ пешравиҳо ҳастанд. Аз ҷумла, ҳуҷҷатгузории электронӣ ҳангоми дарёфти бемориҳои саратон (огоҳнома, варақаи назоратӣ, иқтибос, протоколҳо) дар шакли электронӣ пур кардани картаи амбулаторӣ, таърихи беморӣ, машварати табибон ва роҳхати табибон ба осоншавии кор ва сарфаи вақт сабаб шуданд.
Дар кишвар бори аввал дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ системаи муосири PACS (Picture Archiving and Communication System – Система барои бойгонӣ ва интиқоли тасвирҳои тиббӣ) ҷорӣ шуд. Ин иқдом қадами муҳиме дар роҳи рақамисозии соҳаи тандурустии кишвар ва баланд бардоштани сифати ёрии тиббии онкологӣ ба ҳисоб меравад.


Акбар МУРОДЗОДА, директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, номзади илмҳои тиб

Санаи нашр: 09.02.2026 №: 26