Гузориш аз ҷаласаи навбатии шурои Маҷлиси намояндагон
9-уми феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар ҷаласа лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», инчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерҷи» оид ба бунёди неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» оид ба бунёди корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан пешниҳод гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
ҚАТАР
Оғози рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон
Дар маросими ифтитоҳ вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатарро самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии ду кишвар донист.
Вазири фарҳанги Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад оли Сонӣ дар барномаи пуршукӯҳи консертӣ иштирок намуда, бо фарҳангу санъати бою рангини тоҷикон ошноӣ пайдо намуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар, ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Зебо” ва “Парасту” гарму самимӣ истиқбол шуд.
Ихтироъкорони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок доранд
Дар Давлати Кувайт маросими ифтитоҳи расмии 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна баргузор гардид.
Вазири маорифи Давлати Кувайт, доктор Ҷалол ат-Табтабаӣ аз гӯшаҳои намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, бо дастовардҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик шинос шуд.
Намоишгоҳ бо ҳузури намояндагони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон доир гашта, дар доираи он олимон, профессорон ва ихтироъкорон аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дастовардҳои илмӣ ва ихтирооташонро ба маъраз гузоштаанд.
