ХАТЛОН. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ВИЛОЯТ
3-юми феврал дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раис, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо раиси вилоят ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва ҷаласаи васеи Ҳукумати мамлакат баён гардиданд, чораҷӯйӣ карда шавад.
Барои риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо, марҳала ба марҳала зиёд намудани кишти картошка, сари вақт гузарондани шудгори замин, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, бунёди боғу токзор аз ҳисоби заминҳои талу теппа, истифодаи оқилонаи обу замин, дар муҳлати оптималӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, обёрии заминҳои бекорхобида, афзун кардани ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулот, таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави кор, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, идеологӣ, даъвати баҳорӣ ба сафи артиш ба масъулон супоришҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
Давлаталӣ Саид, инчунин, масъалаҳои мубориза бар зидди малах, супурдани андоз, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сифати иншооти ҷашнӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо тариқи телевизионҳо ва дигар расонаҳо, баргузории озмуну маҳфилҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ, бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда, барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
