ДАРАИ АЛМОСӢ. МУҶАССАМАИ ИФТИХОРӢ БУНЁД МЕЁБАД

10 феврал 2026, Сешанбе
33


Ба хотири ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ, дар гардиши роҳи дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, назди маркази савдою хизматрасонии “Алмосӣ” муҷассама бунёд меёбад.
Пайкарасозон бо тавсияи коршиносони соҳаи меъморӣ лоиҳаи маҷмуаро бо сабки меъмории анъанавии тоҷикӣ, нақшу нигор ва санъати миллӣ, иборат аз ду пайкараи марду зане, ки бо хушҳолӣ сабади меваю ангур ва баррача рӯйи даст доранд, болои пояи мармарини дохили секунҷаи гулпӯш тарҳрезӣ кардаанд, ки басо зебою пурмазмун ба назар мерасад ва он яке аз гӯшаҳои дилрабою макони меваҳои ширин ва ватани гӯсфанди зоти ҳисорӣ будани Ҳисори зарнисорро ифода менамояд.
Раиси шаҳри Ҳисор, Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинон, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳр, бахшҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин, муаллифи лоиҳаву пайкарасозон дар гардиши дараи Алмосӣ ба корҳои сохтмони муҷассама оғози расмӣ бахшиданд. Изҳори итминон карда шуд, ки бунёди муҷассама дар арафаи чорабиниҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба итмом мерасад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.02.2026 №: 27