ДӮСТӢ. САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар канори шоҳроҳи Дӯстӣ – Қубодиён иштирок намуд. Ин тадбири муҳими экологӣ бо мақсади сабзу назаррабо гардондани муҳити зист, беҳтар кардани ҳолати экологии минтақа ва зебо намудани яке аз роҳҳои муҳими нақлиётии ноҳия роҳандозӣ гардид. Дар доираи маърака беш аз 1000 бех арча шинонда шуд.
Зимни баргузории чорабинӣ раиси вилоят зарурати нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинондашуда, обёрии саривақтӣ ва ҳифзи онҳо аз омилҳои берунаро махсус таъкид намуд.
Дар ниҳолшинонӣ намояндагони сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва сохторҳои зертобеи он дар ноҳияи Дӯстӣ, инчунин, фаъолони маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми худро дар ободонии муҳит гузоштанд.
Раиси вилоят дар идомаи сафар дар деҳоти Нури Вахши ноҳия бо фаъолияти як оилаи чорвопарвар шинос шуд. Давлаталӣ Саид ҳангоми суҳбат бо хоҷагидор таъкид кард, ки дар шароити имрӯза танҳо парвариши чорвои зотӣ имкон фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ бо гӯшту шири босифати аз лиҳози экологӣ тоза таъмин бошад.
Таъкид гардид, ки тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши чорводорӣ, омӯзиши таҷрибаи муосир дар ин самт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла беҳтарсозии зоти чорво ва афзоиш додани маҳсулнокӣ, беҳсозии фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, пешгирии коҳишёбии саршумори чорвои зотӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъмини пешрафти ин бахши соҳаи кишоварзӣ, бояд васеъ ба роҳ монда шаванд.
Раиси вилоят зимнан, аз хоҷагии деҳқонии “Пӯлод”, воқеъ дар деҳаи Навобод боздид намуд. Зимни шиносоӣ иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ айни замон дар майдони 1,20 гектар картошкаи зери плёнка, дар 0,5 гектар лаблабуи сурхи зери плёнка ва дар 0,5 гектар карами зери плёнка кишт гардидааст. Ҳамчунин, дар 0,8 гектар замин карам аз ҳисоби кишти такрорӣ парвариш меёбад, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат мекунад.
Раиси вилояти Хатлон ба масъулин ва кишоварзон ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи тухмиҳои хушсифат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ дар деҳаи Навобод бо рафти корҳои сохтмонии бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 шинос шуд. Бинои иловагӣ аз 14 синфхона иборат буда, барои 330 хонанда дар як баст пешбинӣ гаштааст.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки сохтмони бинои иловагии Муассиса аз ҳисоби маблағҳои аҳолии деҳа амалӣ мешавад. Ин иқдом намунаи ҳамкории фаъоли сокинон дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супурдани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Давлаталӣ Саид дар идома аз гармхонаи шаҳрванд Эргаш Сатторов, сокини деҳаи Навобод, боздид намуд.
Эргаш Сатторов бо истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ба рушди кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузорад.
Раиси вилоят зимни боздид таъкид кард, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, роҳандозии гармхонаҳо ва кишти зери плёнка имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фаслҳои сол ба роҳ монда шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
