ДУШАНБЕ. ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЙТАХТРО МЕАФЗОЯД
![]()
Соли 2025 барои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе соли пурмаҳсулу натиҷабахш арзёбӣ гардида, бо дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва қадамҳои устувор дар роҳи рушди муосири шаҳр фарқ мекунад. Фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба таъкиди Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, дар доираи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ба таъмини рушди босуботи шаҳр, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти инфрасохтори шаҳрӣ равона гардид.
Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ гувоҳи онанд, ки Душанбе мавқеи пешсафи худро дар иқтисоди миллӣ боз ҳам таҳким бахшид. Ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 36,6 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши воқеии он 8,3 фоизро ташкил дод. Саҳми пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 20,7 фоиз баробар шуд, ки аз фаъолияти самараноки бахшҳои калидии иқтисод шаҳодат медиҳад. Афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои саноат, савдо, хидматрасонӣ, нақлиёт ва ҷалби сармоя заминаи устувори рушди иҷтимоии шаҳрро фароҳам овард.
Соҳаи саноат, ҳамчун яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисоди шаҳр, дар соли 2025 босуръат рушд ёфт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 6,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 126 фоизро ташкил дод. Ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нав, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор мусоидат намуда, нақши саноатро дар таъмини шуғли аҳолӣ тақвият бахшид.
Соли 2025 Душанбе ба майдони фаъоли корҳои сохтмонӣ табдил ёфт. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 8,3 миллиард сомониро ташкил дода, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ равандҳои рушди шаҳрро суръат бахшид. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, иншооти иҷтимоӣ, роҳҳои ду ва сеқабата, марказҳои хидматрасонӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба ташаккули симои муосири пойтахт мусоидат намуд. Дар баробари ин, рушди низоми нақлиётӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ва таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ замина гузошт. Истифодаи пардохтҳои электронӣ, низомҳои назорати ҳаракат ва мониторинги нақлиёт ба танзими самараноки раванди нақлиётӣ мусоидат кард.
Соҳаи иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати шаҳрӣ қарор дошта, дар самтҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Одилзода Дилбар, муовини раиси шаҳри Душанбе, рушди босуръати соҳаҳоро яке аз омилҳои асосии устувории иқтисодии шаҳр ва пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ менамояд. Бунёди муассисаҳои нав, дастовардҳои хонандагону варзишгарон дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии қишрҳои ниёзманд аз сиёсати инсонмеҳварии роҳбарияти шаҳр шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин, ободонию кабудизоркунӣ аз самтҳои дигари афзалиятноки рушди пойтахт идома ёфта, шинондани дарахтону гулҳо, бунёди боғу гулгаштҳо ва тадбирҳои ҳифзи муҳити зист ба ташаккули симои Душанбе ҳамчун «шаҳри сабз» мусоидат намуд.
Баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва экологӣ бори дигар нишон дод, ки Душанбе ба маркази муколамаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба табдил ёфтааст. Ин нуфуз ва эътибор натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳовар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.
Дар маҷмуъ, соли 2025 дар таърихи шаҳри Душанбе ҳамчун соли созандагӣ, рушди устувор ва дастовардҳои назаррас сабт мегардад. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки пойтахт бо такя ба сиёсати давлатсозонаи Пешвои миллат, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо ва заҳмати сокинон бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон пеш меравад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
