АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Зиёда аз сад километр роҳи мошингард азнавсозӣ шуд
Зимни нишасти матбуотӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иттилоъ дод, ки соли 2025 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони бонангу ори шаҳр 105 километр роҳи мошингард, аз ҷумла 74,6 километр роҳ ба маблағи зиёда аз 35 миллион сомонӣ асфалтпӯш ва 30,4 километр роҳ ба маблағи 5 миллиону 920 ҳазор сомонӣ бетонпӯш гардид. Соли 2026 низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби таълим дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 546 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 51 мактаб барои 14150 хонанда ва 11 муассисаи томактабӣ дар назар аст. Алҳол 425 синфхона барои 12130 талаба дар заминаи 36 муассисаи таълимӣ ва 7 кӯдакистон барои 1012 тарбиятгиранда сохта, ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар 121 синфхонаи иловагӣ ҷараён доранд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 100 корхонаи истеҳсолии саноатӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 2024-ум 6 корхона зиёд мебошад. Соли сипаришуда, корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2 миллиарду 63 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз рӯи таҳлилҳо, ҳаҷми истеҳсолот дар самти саноат қариб 13 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
ШАҲРИНАВ
Омодагӣ ба Ҷашни миллӣ дар сатҳи баланд идома дорад
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта қисми даромади буҷети маҳаллӣ 113,5 дарсад иҷро шуд ва қисми хароҷоти он ба 99,4 дарсад баробар гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду барқарорсозии 288 иншооти таъиноташон гуногун пешбинӣ гардида буд ва то имрӯз 244 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли рафта 105 иншоот бунёд гардид. Омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани ин Ҷашни миллӣ ҷараён дорад.
– Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 908,9 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 66,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон дар майдони 10881 гектар кишти зироатҳоро анҷом доданд. Дар маҷмуъ, 4220 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳия содирот шуд, – илова кард раиси ноҳия.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
ТЕМУРМАЛИК
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст
Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ҳудуди 118 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 41,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 6,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба буҷети ноҳия 58,5 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо ва ворид шуд, ки 88,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Шералӣ Ҳасанзода, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 827 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 68,2 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 109 дарсади нақша баробар аст.
Ӯ, инчунин, гуфт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 230 иншоот бунёду навсозӣ гардида, ба истифода дода шуд ва дар 118 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
ХОВАЛИНГ
123 лоиҳа ба иҷро расид
Раиси ноҳияи Ховалинг Саймумин Рауфзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия дар соли 2025, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 145,7 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 94,7 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ин нисбат ба нақша 29,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 5,8 миллион сомониро ташкил дод. То имрӯз дар ноҳияи Ховалинг 3267 субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки аз ин 2857 соҳибкори инфиродӣ ва 410 кас шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.
Дар соли 2025 аз тарафи бонкҳо ба маблағи 47,1 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 7,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 684,9 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. То моҳи январи соли ҷорӣ 123 лоиҳа ба маблағи 256,8 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст.
Х. КАСИРОВ
БАЛҶУВОН
Авлавият ба рушди содирот
Бахтиёр Сафарзода, раиси ноҳияи Балҷувон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар соли 2025 дар майдони 5,9 ҳазор гектар кишти зироатҳо анҷом дода шуд ва ин нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 2 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, 622,8 тонна маҳсулоти кишоварзии ноҳия содирот шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 526 миллиону 986,7 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 319,5 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардид.
Ҳамчунин, раиси ноҳия хабар дод, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар майдони 2340 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд ва бино бар мусоид омадани боду ҳаво самараи хуб гирифтан имкон дорад.
Холназар КАСИРОВ
37 ҳазору 700 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дар Норак
Соли 2025 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Норак 37 ҳазору 700 сайёҳ дидан кардаанд, ки аз ин шумора 27 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва 10 ҳазору 700 гардишгари хориҷӣ мебошад.
Дар ин бора раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО паём расонд.
Баҳри пешрафти сайёҳӣ дар шаҳр 3 меҳмонхона, 29 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, 220 истироҳатгоҳ, 5 тарабхона, 1 осорхона, 1 дукони фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ ва боғи фарҳангию фароғатии шаҳр фаъолият мекунанд.
Танҳо дар соҳили дарёи Вахш ва обанбори НБО “Норак” 100 мавзеи истироҳатии таъиноташон гуногун мавриди истифодаанд.
Холназар КАСИРОВ
АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар 850 ташкилот фаъол мебошад
– Бо ҷалби барномасозони ватанӣ низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия шуда, дар беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ ва зерсохторҳои онҳо ҷиҳати таъмини мубодилаи мукотибот бидуни истифодаи коғаз фаъол мебошад, – гуфт Хуршед Файзуллозода, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин раванд барои тасдиқи аслият ва амнияти мукотибот имзои электронии дар серверҳои дохилӣ сабтшуда барои зиёда аз 14 500 нафар истифодабаранда дастрас гардидааст.
Марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳа дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Ҳамчунин, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ, инчунин, рушди низоми ҳукумати электронӣ портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ҷорӣ карда шудааст.
Шаҳноз ҚУРБОН
ХАДАМОТИ ИҶРО
179 миллион сомонӣ маблағи алимент ситонда шуд
Моҳи марти соли 2025 дар назди сардори Хадамот доир ба баррасии масъалаҳои ситонидани алимент ситоди махсус таъсис ёфт. Дар доираи нақшаи тасдиқкардаи ситод 100 ҳазор истеҳсолоти алименте, ки дар баррасии кормандони Хадамоти иҷро дар ҷумҳурӣ пеш бурда мешуд, мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар доираи тадбирҳои андешида, 179 миллион сомонӣ маблағи алимент ба манфиати модар ва кӯдак ситонда шуд.
Дар ин хусус сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода зимни натиҷагирии фаъолияти ин ниҳод дар соли 2025 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
– Дар самти маҳдуд намудани баромада рафтани қарздорони алимент аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳам чораҳои муассир андешидем. Дар ин давра нисбат ба 13 ҳазору 765 кас чунин маҳдудиятҳои қонунӣ татбиқ гардида, 2 ҳазору 800 шаҳрванде, ки аз алимент дар назди ҳамсар ва фарзандонашон қарздор буданд, ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шуданд, – гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Илова бар ин, бинобар саркашӣ кардан аз пардохти маблағи алимент, қариб 531 пешниҳод вобаста ба оғози парвандаҳои ҷиноятӣ ба мақомоти прокуратура ирсол шуд. Аз ин 149-тоаш қонеъ гардида, нисбат ба шаҳрвандоне, ки барқасдона аз пардохти маблағҳои алимент ба нафъи модар ва кӯдак саркашӣ мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Шаҳноз ҚУРБОН
ИСФАРА
Афзалият ба заминдорӣ
Дар шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони ВАО нишасти хабарии раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода баргузор гардид.
Раиси шаҳр иброз намуд, ки татбиқи 101 лоиҳа ба маблағи 109 миллиону 880 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, қисми зиёди онҳо марҳала ба марҳала амалӣ гардида истодаанд.
Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиарду 717,6 миллион сомонӣ расид. Дар майдони 804,1 гектар кишти зироатҳо анҷом ёфта, дар натиҷа 30 ҳазору 401 тонна картошка, 50 ҳазору 868 тонна сабзавот ва 44 ҳазору 563 тонна зардолу истеҳсол ва ҷамъоварӣ гардидааст.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки бинобар коҳиши майдони кишт дар баъзе хоҷагиҳои кишоварзӣ ва таъсири шароити номусоиди обу ҳаво ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо 823 тонна, аз ҷумла гандум 90 тонна кам шудааст.
Сурайё ҲАКИМОВА
«АМОНАТБОНК»
Сармоя ба 1,1 миллиард сомонӣ расид
«Амонатбонк» ба 17 ҳазор корхонаю ташкилот, 898 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, ба 2,2 миллион пасандозгузор тавассути 75 филиал ва 547 маркази хизматрасонии бонкӣ хидматрасонӣ менамояд.
Дороиҳои Бонк 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 9,9 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 мутаносибан 26 дарсад ва 28 дарсад зиёд мебошад.Сармояи Бонк ба 1,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 10 дарсад афзудааст. Фоидаи софи Бонк 150 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 7 фоиз зиёд мебошад.
Ин чанд нуктаи муҳимро Алиҷон Салимзода, раиси раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк», зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
«Амонатбонк» дар самти ҷалби сармояи мустақим низ фаъолиятро пурзӯр намуда, аз ҳисоби хатҳои қарзии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон, ҶС «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон ва Бонки давлатии рушди Хитой ба 56 ширкати ватанӣ маҷмуан, 50,5 миллион доллари ИМА ва 5,8 миллион юани хитоӣ қарзҳои бонкӣ пешниҳод намуд.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, Бонк иқдомҳои қарзии имтиёзнокро таҳти унвони «Рушди деҳот», «Нури дониш – 2025» ва «Орзуҳои солинавӣ – 2026» роҳандозӣ намудааст.
Боиси зикр аст, ки «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмону васеъ намудани манзили истиқоматӣ ва харидани манзилҳои истиқоматӣ, «Қарзҳои ипотекӣ»-ро ҳам ҷорӣ кардааст.
Айни замон, пешниҳоди қарзҳои «Амонатбонк» ба мизоҷон дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 7 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ мебошад. Муҳлати истифодаи қарзҳо то 5 сол аст.
Дар раванди рақамикунонӣ бошад, «Тартиби қабули дархост барои пешниҳоди қарз тавассути чат-боти AmonatbankBot дар низоми Telegram» тасдиқ ва дар амал ҷорӣ карда шуд.
Дар иртибот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” Бонк инфрасохтори заруриро дар нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фароҳам овардааст.
Аз ҷумла, 1 130 постерминал дар нозироти андоз, тамоми филиалҳо ва марказҳои хидматрасонии бонкӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фаъол шуд. Дар муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бошад, 3 991 таҷҳизоти электронӣ насб гардид.
– Бо мақсади фароҳам овардани имконияти пардохти муздноки давлатӣ ва тақвияти хидматрасониҳои фосилавӣ, дар замимабарномаи мобилии «Амонат-мобайл» мутобиқати технологӣ бо хидматрасониҳои ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда шуд. Шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилии мазкур 1,5 миллион кас аст, – изҳор дошт Алиҷон Салимзода.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
ДДК
Имкониятҳои хуб ба олимони ҷавон
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти хабарӣ баргузор гардид. Мунир Сафарзода, ректори донишгоҳ, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта ду рисолаи докторӣ ва 26 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидааст.
Раёсати донишгоҳ бо мақсади дастгирии олимон ҳаҷми маблағҳои ҳавасмандиро бештар намудааст. Тибқи иттилоъ, аз моҳи сентябри соли гузашта маблағ барои дифои рисолаи номзадӣ аз 5000 ба 7000 сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ аз 7000 ба 20 000 сомонӣ расонда шуд. Дар нақша аст, ки имсол маблағи ҳавасмандӣ барои ҳимояи рисолаи докторӣ ба 30 000 сомонӣ расад.
М. Сафарзода афзуд, ки дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020 – 2040)» дар соли хониши 2025 - 2026 барои рисолаи номзадӣ 10 000 сомонӣ ва барои рисолаи доктории соҳаи мазкур 40 000 сомонӣ муайян гардид.
Суннати СОДИҚ
ДТИТ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият меёбанд
Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тиббӣ– иҷтимоии Тоҷикистон робитаҳои байналмилалӣ дар соли 2025 натиҷагирӣ шуд. Иттилоъ доданд, ки Донишкада бо 15 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар доираи он як қатор чорабиниҳо амалӣ гардиданд.
Таъкид гашт, ки Олеся Афанасева, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Бошқирдистони шаҳри Уфаи Федератсияи Россия барои донишҷӯёни факултетҳои психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ 8 машғулияти назариявӣ ва амалиро дар шакли онлайн ва офлайн баргузор намуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии донишҷӯён мусоидат кард. Ҳамчунин, рӯзҳои 16 – 20-уми октябри соли 2025 олимони хориҷӣ – Бахтиёр Ирисқулов, профессори Академияи тиббии Тошкант ва Курейш Хамчиев, профессори Муассисаи таълимии ғайридавлатии Академияи тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва стоматология 8 машғулияти назариявӣ ва амалиро ба тариқи ҳузурӣ гузаронданд.
Чор донишҷӯ дар мактаби байналмилалии илмии тиббӣ дар самти “Кардиология ва нефрология: равишҳои муосир” иштирок намуда, дар табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ ва корҳои гурӯҳӣ фаъолона саҳм гузошта, сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардиданд.
Иттилоъ доданд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 290 донишҷӯйи хориҷӣ ба Донишкада қабул шуд ва теъдоди онҳо ба 409 нафар расид.
Басона САТТОРЗОДА
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН СОҲИБИ 2 БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли даҳуми фаъолияти худро босамар давом дода, шумораи умумии омӯзгорону кормандони он 435 касро ташкил медиҳад.
Дастоварди назарраси ин мактаби олӣ дар соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани 2 бинои нави таълимӣ дар фазои тантанавӣ мебошад.
Ин нуктаро ректори Донишгоҳ Убайдулло Қурбонов зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт.
Теъдоди умумии донишҷуён дар давраи ҳисоботӣ 2 875 кас буда, Донишгоҳ дар соли гузашта бо бисту панҷ донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо Донишгоҳи Лакҳнави Ҷумҳурии Ҳиндустон, Донишгоҳи байналмилалии тиҷоратии Шенси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишгоҳи умумии тиббии Теҳрон ва Академияи тиббии Тбилиси ба номи Петре Шотадзеи Гурҷистон шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Х. КАСИРОВ
