ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Интерфакс. Муовини вазири корҳои хориҷии Россия Михаил Галузин изҳор намуд, ки ҳаҷми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди Россия дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 чор баробар афзуда, беш аз 4 миллиард долларро ташкил додааст.
ТАСС. Даври аввали интихоботи президентӣ дар Туркия, ки 14 май баргузор гардид, дар шароити демократӣ доир шуд. Раҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган гуфт, ки ширкат дар интихобот рекордӣ буда, то 90 дарсадро ташкил дод.
CentralAsia (CA). Дар соли таҳсили 2023-2024 Россия теъдоди квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ меафзояд. «Дар соли таҳсили 2023-2024 мо квота барои таҳсили шаҳрвандони Қазоқистон – 200 ҷой илова, Қирғизистон – 200, Ӯзбекистон – 50 ва Тоҷикистон ҷамъи 152 ҷойро ба таври назаррас афзоиш медиҳем", – гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Россия Михаил Галузин
Известия. Портали Akhbar.fouri 16 май хабар дод, ки як марди шадидан лоғар, вале зиндаро наҷотдиҳандагон пас аз тақрибан се моҳи заминларза дар Сурия аз зери харобаҳо берун оварданд.
Известия. Бино ба иттилои портали News.24, бар асари бархӯрди баҳмут бо заврақ дар дарёи Шири Малави як кӯдак фавтида, 23 нафар бедарак шуд. Дар заврақ 37 нафар қарор дошт. Сокинони маҳаллӣ тавонистанд 13 нафарро наҷот диҳанд ва ҷасади як кӯдакро берун бароранд.
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)