Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ғазза
Ёрии навбатии башардӯстонаи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми ниёзманди Ғаззаи Фаластин расонда шуд.
Корвони кумакҳои Тоҷикистон иборат аз хӯрокворӣ, либоси гарм, хайма ва плёнкаҳои обногузар бегоҳи 8-уми феврал дар 6 мошини калони боркаш аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи муштараки Миср ва Фаластин бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайрияи Тоҷикистон ба Ғазза ворид шуд.
Маркази ҳифзи маълумот таъсис ёфт
Самти фаъолияти Маркази ҳифзи маълумот ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардидааст.
Дар Марказ назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, амалӣ мешавад.
ЁВОН
Соли 2025 ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд
Соли гузашта дар корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 2 миллиарду 26 миллиону 308,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 248 миллиону 472,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати рушд 14 фоизро ташкил дод.
Ба иттилои раиси ноҳия Икромиддин Вализода, дар ноҳия 63 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, соли гузашта дар ноҳия 8 коргоҳи саноатӣ бо 35 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифт. Барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз нақшаи сохтмони иншооти ҷашнӣ 98,2 фоиз иҷро гардида, дар ноҳия, аллакай, 551 иншоот бунёд гашт.
