АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
1 268 нафар барои қонуншиканӣ ҷазо гирифтанд
Соли 2025 барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 1 268 нафар ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, афроди қонуншикан беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, соли гузашта вобаста ба қонуншиканӣ дар ин самт аз ҷониби судҳо 1 297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Раиси Суди Олӣ, ҳамчунин, омори ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар иртибот ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ифшо намуд. Тавре зикр шуд, соли гузашта барои риоя накардани меъёрҳои Қонуни мазкур 8 561 нафар наздик ба 7 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дар маҷмуъ, соли 2025 аз ҷониби мақомоти судӣ 153 150 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро баррасӣ шуданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2024-ум 16 464 адад кам мебошад.
Фирӯз РАҲМОНИЁН
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. 3 932 ПАРВАНДА МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР ГИРИФТ
– Соли 2025 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмуъ, 3 932 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин теъдод, нисбат ба 2 182 парванда ҳалномаи судӣ қабул шуд, – гуфт дар нишасти хабарӣ Зебониссо Абдуллозода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номбурда афзуд, ки 355 аризаву шикоятро, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан, баргардонданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот, иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёндани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда ба маблағи умумии беш аз 371 миллион сомонӣ таъмин гардид.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ГУМРУК
Барасмиятдарории онлайнии воситаҳои нақлиёт дар назар аст
Ба иттилои Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук, соли сипаришуда гардиши тиҷорати хориҷӣ ба зиёда аз 10,7 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли 2024-ум 1 миллиарду 807,5 миллион доллар ё 20,2 дарсад афзудааст.
Сардори Хадамот дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба рақамикунонии соҳаи гумрук гуфт, ки ба таври онлайнӣ барасмиятдарории гумрукии ҳамаи молу маҳсулот дар ояндаи наздик дар назар аст. Ҳамзамон, Хуршед Каримзода тавзеҳ дод, ки аз ҷумла воситаҳои нақлиёти сабукрави ба ҷумҳурӣ воридшаванда ба таври онлайнӣ барасмиятдарории гумрукӣ хоҳанд шуд.
Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,2 дарсад ва содирот 22,8 дарсадро ташкил медиҳад.
Зимни нишаст зикр шуд, ки рақамикунонии соҳа, содагардонии барасмиятдарории гумрукии молу маҳсулот ва тақвияти корҳои назоратию санҷишӣ дар дидбонгоҳҳою гузаргоҳҳои гумрукӣ ба афзоиши воридоти маблағҳо мусоидат намуданд. Соли 2025-ум ба буҷети давлатӣ бештар аз 12,7 миллиард сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2 миллиарду 314,8 миллион сомонӣ (122 дарсад) ва назар ба як соли қаблӣ 2 миллиарду 968,5 миллион сомонӣ (130,4 дарсад)-ро ташкил медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
710,6 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор кард
Соли 2025 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 188 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 710,6 миллион сомонӣ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ муайян намуд.
Ин нуктаро Ҷамшед Каримзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ зикр кард.
Ҳамзамон, таъкид гашт, ки ҷиҳати таъмини арзёбии истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд 8,8 миллион, шаҳри Норак, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон 4,8 миллион, ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 3,5 миллион, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои И.Сомонӣ, Варзоб, Лахш ва Файзобод 15,9 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ХАТЛОН
6 640 иншоот – туҳфаи арзанда ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
11-уми феврал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар соли 2025 рӯнамоӣ кард.
Раиси вилоят зикр намуд, ки дар соли 2025 Сарвари маҳбуби кишвар 6 маротиба ба вилояти Хатлон сафар карда, 215 биною иншооти соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоиро бо 2 200 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят пеш аз муҳлат ва бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6 260 иншооти пешбинишуда 6 640 иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифт. Ин аз нақша 380 адад зиёд мебошад. Дар назар аст, ки имсол дар идомаи иқдомҳои созанда, зиёда аз 1 500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкорон сохта мавриди истифода қарор дода шавад.
Зокир ҲАСАН
Теъдоди донишҷӯёни Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур меафзояд
Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз замони таъсисёбӣ дар соли 2021 ва қабули аввалин донишҷӯён дар соли 2023, ба таври устувор дар низоми фаъолияти худ ва дар густариши шарикиҳои стратегӣ, тавсеаи барномаҳои академӣ ва баланд бардоштани иштироки донишҷӯён дар ҳаёти академӣ ва фарҳангию иҷтимоии муассиса пешравиҳои назаррас касб кардааст. Ин нуктаро ректори Донишкада Зайниддин Мухторов 9-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
– MDIS Душанбе барномаҳои академиро амалӣ мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо ду донишгоҳи бонуфузи Британияи Кабир — Донишгоҳи Сандерланд ва Донишгоҳи Тессайд, таҳия шудаанд. Ин ҳамкорӣ ба донишҷӯён дар Тоҷикистон имконияти дастрасӣ ба барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани дипломи Британияи Кабирро бидуни сафар ба хориҷи кишвар фароҳам меорад. Аз соли 2023 MDIS Душанбе барномаҳои бакалавриатро дар самтҳои «Менеҷменти молия ва бизнес», «Менеҷменти бизнес ва маркетинг», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Киберамният» ва «Менеҷменти туризми байналмилалӣ ва меҳмоннавозӣ» пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, аз соли 2024 Донишкада барномаҳои вижаи магистратура, аз ҷумла «MBA» (Master of Business Administration)-ро роҳандозӣ кардааст. Ин барномаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ва талаботи бозори меҳнат мувофиқ буда, махсусан дар соҳаҳои бизнес, мубодилоту мухобироти рақамӣ, рушди саноат ва туризм аҳамияти назаррас доранд, – зикр намуд Зайниддин Мухторов.
Сайфиддин СУННАТӢ
ШАҲРИ ВАҲДАТ
Ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ бештар мегардад
– Соли 2025 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ваҳдат беш аз 82,5 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ боздид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 197 сайёҳ зиёд мебошад, – гуфт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр, зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки дар шаҳр 284 иншоот барои қабули меҳмонон фаъолият менамояд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳми сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 808 иншооти гуногунсоҳа дар нақша аст. Аллакай, аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатманд ва дигар сарчашмаҳо 664 иншоот, аз ҷумла 72 корхонаи саноатӣ, 42 иншооти тандурустӣ, 68 маориф, 11 варзиш, 16 истироҳатию фароғатӣ, 172 хидматрасонӣ, 4 бинои маъмурӣ, 6 пули мошингузар ва дигар иншооти самташон гуногун сохта шуда, 122 км роҳи маҳаллӣ таъмир гардид, ки баробари 82,2 дарсади нақша аст.
Соли рафта дар ҳудуди шаҳр 212 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор гардид, ки дар қиёс нисбат ба соли пеш 85 ҳолат зиёд мебошад. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 7 мавод ба прокуратура ва барои рӯёндани ҷарима 14 мавод ба суди шаҳр пешниҳод гардиданд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
РОҒУН
68 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
Сунъатулло Саидзода, раиси шаҳри Роғун, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2025 дар шаҳр 68 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин дар майдони 6,4 гектар ошкор гардида, қонуншиканҳо ба маблағи 57,8 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд.
Инчунин, зикр гашт, ки 57 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 4,95 гектар вобаста ба замин бартараф карда шуд.
Дар соли сипаригардида 71 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ ба шаҳрвандон дастрас гардид, ки ин нисбат ба соли 2024-ум 17 адад кам мебошад. Ҳамзамон, 216 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шуд.
Сунъатулло Саидзода баён дошт, ки соли 2025 дар шаҳри Роғун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсоли неруи барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 356 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 24,2 миллион сомонӣ зиёд буда, 207,3 фоиз таъмин гардидааст. Ҳамчунин, ба ҷойи 169,7 миллион сомонӣ нақшаи тасдиқшудаи ҳама намуди андозу даромадҳо дар соли 2025-ум 213,2 миллион сомонӣ ҷамъ оварда шуд, ки 125,7 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
– Давоми соли гузашта дар шаҳри Роғун 68 лоиҳа иҷро гардида, тавассути он 139,9 миллион сомонӣ аз худ карда шуд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021 – 2025 дар маҷмуъ, 88 лоиҳаро дар бар гирифт, ки маблағи амалишавии он 204,8 миллион сомонӣ мебошад, – гуфт раиси шаҳр.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
