ИФТИХОРИ МЕРОСИ МИЛЛӢ. ДАР БОРАИ ДОЛОНИ ЗАРАФШОН – ҚАРОҚУМ

16 феврал 2026, Душанбе
4


Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оини мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллат нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН


Роҳи бузурги Абрешим яке аз падидаҳои нодири таърихи башарият мебошад, ки дар тули ҳазорсолаҳо қитъаҳо, халқҳо ва тамаддунҳоро ба ҳам пайвастааст. Ин роҳ на танҳо воситаи мубодилаи молу коло, балки масири интиқоли дониш, фарҳанг, ҳунар, эътиқод ва ҷаҳонбинӣ буд. Дар ин шабакаи азими таърихӣ долони Зарафшон – Қароқум мақоми махсус дошта, ҳамчун яке аз муҳимтарин шохаҳои Роҳи Абрешим дар ташаккул ва рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ нақши калидӣ бозидааст.
Ба шарофати сиёсати фарҳангмеҳвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан таваҷҷуҳи пайваста ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз мероси таърихии тоҷикон аз нав эҳё гардида, ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Яке аз дастовардҳои муҳими ин сиёсати дурбинона шомил шудани Роҳи Абрешим – долони Зарафшон – Қароқум ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад. Ин номгӯй аз 31 объекти таърихию фарҳангӣ иборат аст, ки 9-тои онҳо: қалъаи Муғ – асри VIII мелодӣ, қалъаи Кум – асрҳои VII–VIII мелодӣ, қалъаи Ҳисорак – асрҳои VII–VIII мелодӣ, гарданаи Ҳисор (қалъачаи дифоӣ) – асрҳои VII–VIII мелодӣ (ноҳияи Айнӣ), қалъаи Тали Хамтуда – асрҳои I– IV мелодӣ, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро – асрҳои XI–XIV мелодӣ, низоми обёрии Тӯқсанкорез ё Фарметан – асри X мелодӣ, шаҳраки Санҷаршоҳ – асрҳои V–VIII мелодӣ, Панҷакенти қадим – асрҳои V–VIII мелодӣ (шаҳри Панҷакент) дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Дар доираи долони Зарафшон – Қароқум, ҳамчунин, 15 ёдгорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Самарқанд, Бухоро, Навоӣ ва атрофи онҳо) ва 7 ёдгорӣ дар Туркманистон (масирҳои биёбонии Қароқум ва оазисҳои таърихӣ) қарор доранд, ки ҳамагӣ арзиши умумибашарӣ дошта, намунаи ҳамкории фарҳангии давлатҳо мебошанд.
Долони Зарафшон – Қароқум саҳифаи зиндаи таърихи миллати тоҷик мебошад. Он далели равшани саҳми ниёгони мо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Ҳифз, омӯзиш ва тарғиби ин мерос, бо такя ба сиёсати фарҳангии Пешвои миллат на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.


Мақсуд МИЗРОБЗОДА, директори МД «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент»

Санаи нашр: 16.02.2026 №: 31