ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ. АЗ БАРАКАТИ ХОНАВОДАГӢ ТО ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ҷамъомад баргузор гардид. Дар он муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Абдулазиззода, кормандони дастгоҳи марказӣ ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятии шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Ғарм бо тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд.
Гулбаҳор Назирӣ таъкид намуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти танзими ҷашну маросим ва рушди фазои таҳаммулпазирӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки ин сиёсати хирадмандона бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзими хароҷоти зиёдатии шаҳрвандон, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти фарҳанги масъулиятнок дар баргузории маъракаҳо замина фароҳам овардааст ва иҷрои босамари муқаррароти Қонуни мазкур ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва баробарии тамоми пайравони динҳо дар назди қонун амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии консепсияи мазкур муайян намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, таҳкими пояҳои давлати дунявӣ, густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва таъмини амнияту ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Абдулазиззода ва узви Комиссияи ҷамъиятии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим Мақсуд Сафарзода муқаррароти асосии санадҳои зикршударо шарҳ дода, ба саволҳои иштирокдорони ҷамъомад посухҳои мушаххас доданд.
Гулбаҳор Назирӣ изҳор дошт, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар тамоми сохторҳо, аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон, минбаъд низ тақвият ёфта, ба рушди устувори ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
