Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026 – 2028 ба имзо расид

18 феврал 2026, Чоршанбе
7


16-уми феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев сурат гирифт.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин, тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Дар интиҳо маросими баимзорасонии Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2026 – 2028 баргузор шуд.


Чор лоиҳаи нав баррасӣ гардид
Ҷалби бештари сармояи хусусӣ ба иқтисоди миллӣ аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири мамлакат, раиси Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Ҳоким Холиқзода баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа чор лоиҳаи нави шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод гардида, пас аз муҳокима оид ба амалисозии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ: тандурустӣ, маориф, алоқа ва фарҳанг ба роҳ монда шуда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ беш аз 82,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.


Имзои Созишнома миёни Вазорати молия ва Бонки ҷаҳонӣ
Созишномаи маблағгузориро ба маблағи 60 миллион доллари ИМА барои Барномаи пайвастшавӣ ва тиҷорати бозори минтақавии неруи барқ (REMIT) вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Гаэл Рабалланд имзо карданд.
Бо назардошти он ки, талабот ба неруи барқ дар минтақа то соли 2050 тақрибан се маротиба меафзояд, барномаи REMIT ба истифодаи самараноки захираҳои муштараки энергетикӣ мусоидат намуда, амнияти энергетикӣ ва таъмини неруи барқи дастрас, боэътимод ва устуворро дар сартосари Осиёи Марказӣ таъмин хоҳад кард.


Омодагии Ширкати «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ
Дар шаҳри Вена мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо ноиби калони президенти Ширкати «Andritz Hydro GmbH» Александр Шваб ва ноиби президент оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Норберт Шварс баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва «Andritz Hydro GmbH» мубодилаи афкор намуданд.
«Andritz Hydro GmbH» ширкати бузурги австриягӣ буда, дар соҳаи энергетикаи обӣ фаъолият мекунад. Ширкат ба тарҳрезӣ, истеҳсол ва таъминоти таҷҳизот барои неругоҳҳои барқи обӣ ихтисос дорад.

Санаи нашр: 18.02.2026 №: 32-33