ВМКБ. БУНЁДКОРИҲО ДАР ҲОЛИ АВҶАНД
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминаи боэътимод гузошта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати бесобиқаро касб карданд. Бо мақсади назорат ва шиносоӣ аз рафти бунёдкориҳо, дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз ҷараёни сохтмони иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта боздид ба амал овард.
Раиси вилоят нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар даромадгоҳи наву замонавӣ, ки дар доираи талаботи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ амалӣ мегардад, дидан кард. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки ба хотири зебо гардондани гирду атроф ва барои дастрасии ҳарчи бештари маълумот барои сайёҳон дар шафати даромадгоҳ харитаи сайёҳии шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҷассамаи ҳайвоноти нодири Бадахшон, нуқтаи фурӯши армуғонҳо бунёд карда мешаванд. Раиси вилоят барои дар сатҳи баланд ба сомон расондани корҳои бунёдӣ масъулонро вазифадор намуда, ба раисони ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ баҳри васеъ кардани масоҳати ҳудуди даромадгоҳ, ҳамчунин, ба як макони зебову тамошобоб табдил додани ин мавзеъ супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, роҳбари вилоят бо рафти сохтмони парки саноатӣ-технологӣ, воқеъ дар деҳаи Пашори деҳоти Поршинев, шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки дар парки мазкур аз ҷониби соҳибкорон 5 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд мешавад.
Раиси ВМКБ зимни суҳбат иброз дошт, ки бунёди чунин иншоот ба рушди инфрасохтор ва тамоми самтҳои хоҷагии ноҳияву вилоят мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз вазъи имрӯзаи ҳавзи моҳипарварӣ ва қитъаи кишти зироатҳои кишоварзии ноҳия, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд, дидан намуд.
Раиси вилоят, инчунин, бо лоиҳаи нуқтаи хидматрасонии хӯроки умумӣ, чархофалак ва ҳавзи шиноварии муосир дар Маркази фарҳангӣ-фароғатии "Чорбоғ" шинос гардида, иброз дошт, ки бунёди инфрасохтори нави фароғатӣ дар маркази вилоят ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ имкон медиҳад, ки дар фазои мусоид ба истироҳату фароғат машғул гарданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
