ҲИСОР. БАРДОШТ АЗ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»-и шаҳри Ҳисор семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои агроэкологӣ ва ҳифзи тухми зироатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Семинар бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин» баргузор шуда, олимон, мутахассисон ва деҳқононро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ канори ҳам овард.
Дар семинар намояндагони Вазорати кишоварзӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, инчунин, мутахассисони Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута иштирок доштанд. Ҳамчунин, ба кори семинар роҳбарони гурӯҳҳои тухмипарварӣ аз навоҳии ҷумҳурӣ ҷалб шуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини сардори раёсати тухмипарварии Вазорати кишоварзӣ Фавзия Ғуломалишоева ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин», номзади илмҳои биологӣ Муҳаббат Мамадалиева сухан ронданд.
Масъулони чорабинӣ ҳадафи асосии семинарро омӯзондани деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ оид ба ташкили низоми тухмипарварии маҳаллӣ, ҳифз ва зиёдкунии навъҳои маҳаллии зироатҳо, таъсис ва рушди бонкҳои тухмии маҳаллӣ дар маҳалҳо арзёбӣ карданд.
Таъкид шуд, ки солҳои охир, бинобар кам гардидани таваҷҷуҳ ба навъҳои маҳаллии мутобиқшуда, як қисми муҳими захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзӣ зери хатари аз байн рафтан қарор дорад. Дар ҳоле ки навъҳои маҳаллии зироатҳо аз ҷиҳати маза, хушбӯйӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити иқлимии кишвар бартарии назаррас доранд.
Иштирокдорони семинар таъсиси бонкҳои тухмии маҳаллӣ дар деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати кишоварзони маҳаллӣ, бахусус занон ва ҷавонон, инчунин, ташкили кооперативҳои тухмипарварии маҳаллиро яке аз омилҳои муҳими ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ намуданд. Дар доираи семинар маърузаҳои илмӣ ва амалӣ вобаста ба агроэкология, амнияти озуқаворӣ, тухмипарварӣ, ҳифзи захираҳои генетикӣ ва таҷрибаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳод гардида, масъалаҳои мубрами рушди тухмипарварии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
