АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

18 феврал 2026, Чоршанбе
4


ВКД
Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар мадди аввал


Соли 2025 дар кишвар 23 448 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 134 ҳолат зиёд мебошад.
Дар ин хусус Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Зикр шуд, ки соли сипаригашта 715 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 3 116 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир гардид. Бинобар риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди мамлакат 1 373 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 643 нафар ба ҳалокат расида, 1 542 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
– Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, равона намудаанд, – гуфт Рамазон Раҳимзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ


Қонуни танзим ва татбиқи беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима


Соли 2025 барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба 1268 нафар ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, афроди қонуншикан беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, соли гузашта вобаста ба қонуншиканӣ дар ин самт аз ҷониби судҳо 1 297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Раиси Суди Олӣ, ҳамчунин, омори ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар иртибот ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ифшо намуд. Тавре зикр шуд, соли гузашта барои риоя накардани меъёрҳои Қонуни мазкур 8 561 нафар наздик ба 7 миллион сомонӣ ҷарима шудааст.
Дар маҷмуъ, соли 2025 аз ҷониби мақомоти судӣ 153 150 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро баррасӣ шуданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2024-ум 16 464 адад кам мебошад.
Фирӯз РАҲМОНИЁН


«ПУЛИ ҲУШМАНД»
БО АМАЛӢ ГАРДИДАНИ БАРНОМА ҚОНУНШИКАНӢ Ё ИСТИФОДАИ НАФАҚАИ ШАХСИ ФАВТИДА АЗ БАЙН РАФТ


Аз моҳи августи соли 2025 ягон ҳолати истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз ҷониби ворисони онҳо ошкор нагардид.
Зимни нишасти хабарӣ вобаста ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи нафақаи шахсони фавтида аз тарафи ворисон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки аз моҳи августи соли гузашта Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи «Пули ҳушманд» барои сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд. Бо амалӣ гардидани барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 23 982 нафақагир фавтид. Инчунин, соли 2025 аз тарафи Агентӣ ба наздикони 4 422 фавтида ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ кумакпулӣ барои дафн дода шуд, ки назар ба соли қаблӣ 1,1 миллион сомонӣ кам аст.
Тибқи банди 4-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат», ки 2-юми июли соли 2013 ба тасвиб расидааст, кумакпулӣ барои дафн ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
Кароматулло АТО

Санаи нашр: 18.02.2026 №: 32-33