Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ бо ташаббуси ҲХДТ
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – поягузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Иброз гардид, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир карда, онро аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорат қарор додаанд. Артиши миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бо мутахассисони дорои донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир ба Артиши тавоно ва неруи пурқудрат табдил ёфтааст.
Вохӯрии занони фаъол бо сарбозону афсарон
Дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисми ҳарбии “Н”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурзода ва намояндагони бонувони фаъоли вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш таҳти унвони "Модари сарбоз" вохӯрӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шароити хидмат дар қисмҳои низомӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар баробари ҳамаи дастгириҳо ҷавононро мебояд, ки бо далерию ҷасурӣ барои ҳифзи Ватани маҳбуб ва фазои сулҳу осоиштагӣ содиқ бошанд.
Бо мақсади болидаруҳии сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ доир шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Роҳбарияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ сарбозонро табрик карданд
Намояндагони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии “Н”-и Гвардияи миллӣ, воқеъ дар шаҳри Роғун, мулоқот карданд.
Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракат Ғайбулло Авзалов зимни суханронӣ аз дастгирӣ ва ташаббусу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳарбиён ва қаҳрамониҳои родмардони Ватан ёдовар шуд. Зикр гардид, ки хидмат ба Ватан на танҳо иҷрои уҳдадории ҳарбӣ, балки рисолати муқаддаси ҳар як ҷавонмарди худогоҳу худшинос буда, маҳз тавассути садоқат, матонат ва эҳсоси баланди масъулият метавон пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшид.
Аз ҷониби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи қисми ҳарбӣ ҷилдҳои нав аз силсилакитоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим гардида, барои ҳайати шахсӣ дастархони идона ороста шуд.
Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишкадаи ҳарбӣ
21-уми феврал дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсии афсарон-омӯзгорон ва курсантон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади идона баргузор шуд.
Сардори Донишкада, генерал-майор Хуршед Сафарзода аз корнамоиву қаҳрамониҳои фарзандони содиқи Ватан дар роҳи бунёди Артиши миллӣ ва саҳми арзандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокчиёнро табрику таҳният намуд. Барои хидмати назаррасу бенуқсон ба як қатор афсарон, омӯзгорон ва курсантон ифтихорномаи Вазорати мудофиа ва медали ҷашнии 30-солагии Донишкади ҳарбӣ тақдим карда шуд.
Зодмандон ба дидори фарзандони сарбозашон рафтанд
Ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор намояндагони падару модарон ба вилояти Хатлон барои дидорбинии фарзандонашон, ки дар сафи Артиши миллии мамлакат хидмат менамоянд, рафтанд.
Волидайни сарбозонро муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ҳамроҳӣ намуд. Онҳо бо шароити хидмати фарзандон шинос шуда, барояшон дастархони идона ороста, изҳори хурсандӣ карданд, ки фарзандонашон дар беҳтарин шароит хидмати Ватан-Модарро адо менамоянд.
