АРТИШИ МИЛЛӢ. ИСТИҚЛОЛ, ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУДРАТИ МУДОФИАВӢ
Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-сол сипарӣ мешавад ва ҳамон тавре, маълум аст, бунёд ва тақвияту ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ дар марҳалаи гузариш ба низоми нави давлатдорӣ дар солҳои аввали истиқлол кори осон набуд. Он замон дар мамлакат бо дасисаи неруҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба вуҷуд омада, дар чунин ҳол Тоҷикистони тозаистиқлол ба фарқ аз дигар кишварҳои собиқ шуравӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худро дар заминаи холӣ шуруъ кард.
Ёдовар мешавем, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамагӣ баъд аз чанд моҳи тасвиби қарор, яъне 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ доир шуда, дар робита ба он 23-юми феврал расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Ҳарчанд, то кунун ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ идома дорад, дар умум аз оғози таъсис то имрӯз Артиши миллии мо се марҳаларо паси сар намудааст. Марҳалаи аввал, ки аллакай сипарӣ шуд, давраи ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки муваффақона анҷом ёфт. Дуюм, марҳалаи рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки ҳоло ҳам давом дорад. Давраи асосӣ – ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад.
Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. Чунончи, дар низоми қонунгузории мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” амал мекунад, ки тибқи муқаррароти он ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла, пешниҳоди 50 дарсади маблағ барои истифодаи об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ба табобат ва таъмини дорувории ройгон фаро гирифтан, тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари имтиёзҳо, ҳамзамон баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ мешавад.
Боиси қаноатмандист, ки айни замон сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба мо дӯсту ҳампаймон пурра гардонда мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ, бо афсарони касбӣ пурра гардонда шаванд.
Бешбуҳа, дар ҳар давру замон сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбия ва сайқал додани донишҳои сиёсиву низомии афсарону сарбозон вобастагии зиёд дорад. Бо мақсади татбиқи амалии раванди корҳои тарбиявӣ дар Артиши миллӣ 20-уми феврали соли 2015 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расид, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд.
Нуктаи дигари қобили зикр ин аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо кишварҳои хориҷӣ ривоҷу равнақ ёфт. Ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои гуногуни низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расондани ёриҳои техникӣ сол ба сол густариш меёбанд.
Воқеан, чун дар бораи масири рушду таҳкими иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳарф занем, беихтиёр заҳмату талошҳои бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Сарвари давлат зимни истеҳкоми пояҳои давлати навбунёд ба таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун сохтори муҳими давлатдорӣ афзалияти хос доданд.
Ин ҳақиқат аз хотираи таърих зудуда нахоҳад шуд, ки Артиши миллии мо дар зери хаймаҳо таъсис ёфта, дар заминаи тадбирҳои пайваставу судманди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феълан ба як неруи тавонои низомӣ, кафили сулҳу субот табдил шудааст. Ҳоло ифтихор дорем, ки дорои артиши қудратманду тавоно ҳастем ва он ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ ва камолоти маънавию ҷисмонӣ мубаддал гаштааст.
"Ҷумҳурият"
