АРТИШ ВА ВАРЗИШ. НЕРУИ ҶИСМОНӢ – ПОЯИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

23 феврал 2026, Душанбе
4


Дар ҷаҳони муосир, ки масъалаи амният ва солимии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад, варзиш ба яке аз василаҳои муҳими таҳкими иқтидори миллӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд нақши Қувваҳои Мусаллаҳ назаррас аст. Артиш на танҳо мактаби шуҷоат ва мардонагӣ, балки муҳити ташаккули тарзи ҳаёти солим ва варзишгарони болаёқат низ мебошад.


ВАРЗИШ – ҶУЗЪИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар 23-юми феврали соли 1993, омодагии ҷисмонӣ ҳамчун пояи асосии хизмати ҳарбӣ муайян гардид. Машқҳои ҳаррӯзаи субҳгоҳию ҷисмонӣ ва мусобиқаҳо байни хизматчиёни ҳарбӣ на танҳо сатҳи омодагии сарбозонро баланд мебардорад, балки дар онҳо ҳисси интизом, масъулият ва руҳияи даставиро ташаккул медиҳад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки варзиш дар артиш танҳо машқи ҷисмонӣ нест, он мактаби ирода, сабр ва тобоварист. Сарбозе, ки аз лиҳози ҷисмонӣ омода аст, аз ҷиҳати равонӣ низ устувортар мебошад.
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонони мо бояд ҷисман обутобёфта, руҳан қавӣ ва барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошанд».


МАЙДОНИ КАШФИ ИСТЕЪДОДҲО
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сохторҳои ҳарбӣ метавонанд ба маркази тарбияи чемпионҳо табдил ёбанд. Дар давраи шуравӣ клубҳои маъруфи ҳарбӣ– КМВА ё ҳамон СКА ва “Динамо” садҳо варзишгари сатҳи ҷаҳониро ба воя расонданд ва ин таҷрибаро то имрӯз идома медиҳанд.
КМВА (Клуби марказии варзиши артиш)-и Вазорати мудофиа ба ҳайси яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ, ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил буда, аз рӯйи 14 намуди варзиш амал менамояд. Солҳои охир фаъолияти дастаи футболи клуб хеле назаррас аст. Тими футболи КМВА дар Лигаи олӣ баромад мекунад ва соли 2025 ҳайати асосии даста медали биринҷӣ ба даст овард. Тими ҷавонони Клуб дар чемпионати ҷавонон медали нуқра, дастаи то 18-солаи КМВА низ дар Лигаи «Пешсаф» медали нуқра гирифтанд.
Имсол Клуб дастаи футболи занона таъсис дод. Роҳбарияти Клуб таъкид карданд, ки таъсиси дастаи занона бахше аз барномаи дарозмуддати рушди КМВА буда, ҳадафи он ҷалби духтарони боистеъдод ба футболи касбӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ мебошад.
Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ташкилоти варзишии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ буда, соли 1935 таъсис ёфтааст. Он барои рушди варзиш, тарбияи ҷисмонии кормандони мақомот ва омода кардани варзишгарони ҳирфаӣ дар намудҳои мухталиф фаъолият менамояд. Мунтазам баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни кормандони ВКД ва дигар сохторҳои қудратӣ, дастгирии клубҳои футбол (аз ҷумла, бошгоҳи таърихии «Динамо»-и Душанбе) ва дигар намудҳои варзиш аз самтҳои асосии фаъолияти Шуро маҳсуб меёбад.
Воқеан, аввалин чемпиони ҷаҳон аз Тоҷикистон Анатолий Тилик дастпарвари “Динамо” мебошад. Ӯ соли 1958 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба тирпаронии варзишӣ ғолиб омад.


ВАРЗИШ – ОМИЛИ ВАТАНДӮСТӢ
Яке аз паҳлуҳои муҳими саҳми артиш дар рушди варзиш тарбияи ҳисси ватандӯстист. Мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ на танҳо рақобат, балки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, садоқат ва ифтихор ба миллату Ватанро тарғиб мекунанд.


ХУЛОСА
Саҳми Қувваҳои Мусаллаҳ дар рушди варзиш фаротар аз доираи омодагии ҳарбӣ аст. Он ба таҳкими саломатии миллат, тарбияи ҷавонони неруманд ва боло бурдани обрӯйи кишвар мусоидат мекунад. Варзиш дар артиш мактаби ирода, интизом ва ватандӯстист – арзишҳое, ки барои ҳар ҷомеаи пешрафта заруранд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.02.2026 №: 36