НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ
ҲАМОИШ ОИД БА ХУТАЛИ ҚАДИМ
Чанде пеш дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо иштироки бостоншиносону таърихнигорон Симпозиуми байналмилалии «Хуттали Қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ин бора Агентӣ хабар додааст.
Тавре дар сухани ифтитоҳӣ директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода баён дошт, бозёфтҳои девормусаввараҳои шаҳристони Ҳулбук қадимтарин намунаи хатти забони тоҷикӣ мебошанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, осори бостоншиносӣ, нумизматӣ ва фолклории шоҳигарии Хуталон мафҳумҳои гуногуни ҳаммаъно навишта шудаанд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки маълумоти қадимтарин дар бораи Хатлон ва пойтахти он шаҳри Ҳулбуки бостонӣ дар адабиёти антиқа дарҷ гардидааст. Дар рӯйхати номи шаҳрҳо, ки дар таърихномаи «Ҷуғрофияи таърихии шарқ» таърихнигори юнонӣ Птоломей овардааст, шаҳри Хулбисса низ мавҷуд мебошад.
Александр Беленитский ва олимони дигари шарқшинос бо асоси комил онро пойтахти Хатлон – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои қадим дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Ҳулбак ва Ҳулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ пайвастагӣ дорад.
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!»
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 1-уми март то 31-уми майи соли равон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!»-ро амалӣ намояд. Ба иттилои Кумита дар «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор мешавад.
Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» тарғиб ва муаррифии шоистаи либоси миллӣ, ки як ҷузъи муҳими фарҳанг маҳсуб мешавад.
Либоси миллӣ ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки тули қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гулдӯзии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.
ДБЗХТ
Таъсиси ду шурои нави диссертатсионӣ
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт. Дар ин бора аз ДБЗХТ иттилоъ доданд.
Дар назди муассисаи таълимӣ шуроҳои диссертатсионии 6D.КОА–117 (забоншиносӣ ва тарҷумонӣ) ва 6D.КОА–118 (адабиётшиносӣ) ба фаъолият оғоз намуданд. Дар онҳо муҳаққиқон метавонанд дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), номзади илмҳои филология ва доктори илмҳои филология аз рӯйи ихтисосҳои назарияи забон, забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ, назария ва амалияи тарҷума, адабиёти тоҷик, равобити адабӣ, назарияи адабиёт ва сабкшиносиро дарёфт намоянд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
