«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГУЛҲО БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Шанбеи чоруми моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе яке аз чорабиниҳои ҷолиби сол – Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» натиҷагирӣ ва ғолибони он қадрдонӣ мешаванд. Дар Фестивал ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳаҳо ва маҳаллаҳо иштирок менамоянд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузории Фестивал тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардондани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии муҳити зист мебошад.
Ғолибони Фестивал аз рӯйи номинатсияҳои гулпарвар, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, ҷамоати деҳот, ҷамоати шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтарин муайян хоҳанд шуд. Меъёрҳои муайян намудани ғолибонии Фестивали гулҳо мувофиқи нишондодҳои низомнома шумораи гулзорҳо, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб, сифати корҳои иҷрошуда, симо ва сифати роҳравҳои мавҷуда, будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин, таъминот бо оби полизиро дар бар мегирад.
Тибқи низомнома, даври якуми Фестивал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак то 18-уми март ва даври дуюм дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоят то 25-уми март ҷамъбаст мегарданд. Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ то 1-уми апрел ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Баргузории даври сеюми Фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маросими мукофотондани ғолибони он 25-уми апрел дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Дар минтақаҳои кӯҳие, ки бо сабаби номусоид будани ҳаво, шинондани гулҳо аз моҳи май шуруъ мешавад, Фестивали мазкур дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Фестивали «Сайри гули лола» дар Тоҷикистон расман аз соли 2019 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба рушди фарҳанги гулпарварӣ, ободонии шаҳрҳо ва ҷалби сайёҳон равона гаштааст.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
