КАМОЛИ ХУҶАНДӢ. САФАРИ ҲУНАРИИ ТЕАТРИ ТОҶИК БА ӮЗБЕКИСТОН

24 феврал 2026, Сешанбе
9


Бо мақсади тақвияти равобити фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои эҷодӣ, ҳунармандони Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо намоишномаҳои «Қарзи виҷдон» ва «Хубони эрка» ба шаҳрҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Ин иқдом дар доираи барномаҳои муштараки фарҳангии ду давлати ба ҳам дӯст амалӣ гардида, ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ, ғанӣ гардидани таҷрибаи эҷодӣ ва наздикшавии фарҳангҳои миллӣ замина фароҳам меорад.
Тибқи иттилои намояндаи театр Мутриба Алихонзода, ҳайати ҳунармандон дар шаҳри Намангон гарму самимӣ истиқбол шуданд. Чунин пазироии самимӣ нишонаи эҳтироми баланд ба санъат ва ҳунари тоҷикӣ буда, бори дигар собит месозад, ки фарҳанг метавонад миёни мардумон робитаи устувор ва самимӣ барқарор намояд.
Ҳайати эҷодӣ бар ин назар аст, ки ин сафари ҳунарӣ боиси таҳкими ҳамкориҳо ва табодули таҷриба миёни аҳли ҳунари ду кишвар хоҳад шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.02.2026 №: 37