ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» ДОИР МЕГАРДАД

26 феврал 2026, Панҷшанбе
8


Моҳҳои март ва апрел дар кишвар дар се давр ва аз рӯйи ҳашт номинатсия Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Даври якуми Фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш аз 9 то 21-уми март дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, гулдӯз, зардӯз, порадӯз, читгар, атласу адрасбоф, гулбасту алочабоф, гардбоф, тоқидӯзу рӯймолбанд, ҷӯроббоф, шерозбоф ва ресмонбоф доир мешавад.
Даври дуюм дар caтҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29-уми март то 10-уми апрел ҷараён мегирад.
Даври сеюм маросими ҷоизасупорӣ буда, дар назар аст, ки 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсули ҳунарии тарроҳону ҳунармандонӣ минтақаҳо, ғолибони даври дуюм бо барномаи фарҳангӣ ва мукофотсупорӣ ба ғолибону иштирокчиёни фаъол баргузор хоҳад шуд.
Тибқи низомномаи Фестивал-озмун, дар ду давр ҳар як минтақа намудҳои либосро дар матоъҳои гуногуни ватанӣ, тарҳи онҳо, истеъдоди чеварону тарроҳон, нақши либос ва шинаму зебо дӯхтани либос ба намоиш-фурӯш мегузорад.
Бино ба иттилои Кумита, мақсади баргузории он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.
З. РАҶАБ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.02.2026 №: 38