ХАТЛОН. САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
20-уми феврал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён бо нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад–2» ва нашъунамои сабзии барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон», воқеъ дар деҳаи Элтӣ, шинос шуд.
Иттилоъ доданд, ки замини хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад – 2» 17 гектар буда, дар 8 гектари он пиёз кишт шудааст. Хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон» бошад, дар майдони 4,20 гектар сабзӣ коштааст.
Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки хоҷагиҳо ба масъалаи кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Давлаталӣ Саид бо деҳқонон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, интихоби дурусти навъҳои зироат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ба шумор меравад.
Дар идома раиси вилоят майдончаи варзиширо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Ҳофизи Шерозӣ, ба истифода дод. Майдончаи варзишӣ барои бозии футбол бо саҳми сокинон ва шахсони саховатпеша ба маблағи 312 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Бунёди чунин иншооти варзишӣ қадами муҳим дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб арзёбӣ мешавад.
Раиси вилоят зимни суҳбати самимӣ бо сокинон иқдоми онҳоро намунаи ибрат номида, таъкид кард, ки имрӯз ҳар як сокини шарафманди вилоят дар ободонӣ ва рушди диёр саҳми арзандаи худро мегузорад.
Давлаталӣ Саид дар идомаи сафар дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву сабзкорӣ баргузор гардида, ҳадаф аз он тақвияти фарҳанги экологӣ, беҳтар кардани муҳити зист ва ободу зебо гардондани маҳал мебошад. Раиси вилоят бо иштироки фаъолона дар шинондани ниҳолҳо таъкид намуд, ки сабзкорӣ ва ҳифзи муҳити зист омили муҳими солимии ҷомеа ва мероси арзишманд барои наслҳои оянда ба шумор меравад.
Давлаталӣ Саид, ҳамзамон, аз қисми низомии №07017 боздид намуда, бо шароити хизмат, таъминоти моддию техникӣ, вазъи хобгоҳҳо, ошхона ва дигар инфрасохтори қисми ҳарбӣ шинос гардид. Дар ҷараёни боздид ба китобхонаи қисми ҳарбӣ беш аз 200 нусха адабиёти бадеӣ тақдим, инчунин, як миқдор маводи ғизоӣ ба сарбозон дастрас карда шуд.
Зимни суҳбати самимӣ бо сарбозону афсарон раиси вилоят онҳоро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва таъмини оромиву субот аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, зарурати тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати шахсӣ зиёфати идона ороста шуда, фазои идонаву руҳбаландӣ ҳукмфармо буд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
