ОРЗУИ ДИПЛОМАТИ ОЯНДА

26 феврал 2026, Панҷшанбе
11


Чеҳраҳои наву умедбахш дар соҳаҳои гуногун моро ба ояндаи Ватан дилгарм мекунанд. Онҳо бо истеъдод, суханварӣ ва ҷаҳонбинии тоза мекӯшанд, то симои миллату давлати хешро ба ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Яке аз чунин ҷавонон Умедҷон Амонист.


Ӯ аз хурдӣ ба олами адабиёт нигоҳи тоза дошт. Хатмкардаи Муассисаи таълимии "Дониш"-и шаҳри Хуҷанд буда, ҳангоми таҳсил ба фанҳои ҳуқуқ, ҷуғрофия ва адабиёт шавқу рағбати беандоза дошт. Пас аз хатми мактаб, ба факултети журналистикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло ба итмом мерасонад.
Солҳои донишҷӯӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2019” ғолиб омада, сазовори стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар баробари ин, ӯ соли 2021 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (номинатсияи адабиёти муосир) пирӯз омада, бо диплому мукофотпулӣ (20 000 сомонӣ) сарфароз гардид.
– Барои ман дар чунин Озмуни бонуфуз соҳиби ҷойи аввал шудан, боиси ифтихор буд. Аз Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдорам, ки барои мо – ҷавонон, чунин шароити камназири донишандӯзиро фароҳам оварданд. Бояд бигӯям, ки меҳри китобро дар қалбам волидонам бедор кардаанд, ки худ зиёиянд. Баъди бо олами рангини китоб ошно шудан, бароям пайроҳаи бофурӯғи ҷадиде боз гардид. Бигзор, дар партави ин ибтикори беназир ҷавонони мо дар ҷодаи китобхонӣ аз ҳама ҳамсолони хеш дар кишварҳои дигар пеш гузашта, ба оламиён исбот намоянд, ки мо аз миллати китобем, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Мақолаҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ пайваста чоп мешаванд. Муаллифи китоби “Ғунчаи умед” мебошад.
Ӯ ҳоло узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Номбурда ҳоло раҳбари маҳфили "Адибони ҷавон"-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аст. Бояд гуфт, ки бо табодули академӣ ба Донишгоҳи олии сиёсати Туркия (шаҳри Истанбул) дохил шуда, имсол онро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намуд. Соли 2024 бо ихтисоси дипломатия Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кард.
– Орзу дорам, ки дар оянда назокати сиёсат ва забонҳои хориҷиро бештар фаро гирифта, ҳамчун сафир ба фаъолият пардозам ва дар муаррифии Тоҷикистони азизамон саҳми хешро гузорам, – афзуд Умедҷон.


Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.02.2026 №: 39