ВАРЗИШИ САБУК
Ду медали варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон
Дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон XI мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои чемпиони олимпӣ Олга Рипакова доир гашт.
Дар мусобиқа 150 варзишгар аз 12 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат доштанд. Варзишгарони мо ба гирифтани ду медал мушарраф гаштанд. Дар дав ба масофаи 800 метр миёни бонувон Кристина Пронженко бо натиҷаи 2:22,73 ва дар масофаи 3000 метр миёни мардҳо Зуҳуршоҳи Наҷмиддин бо натиҷаи 9:22,8 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
ҶУДО
Се медали паҳлавононамон дар Ҷоми Африқо
Дар Ҷоми кушоди Африқо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки дар Тунис доир гашт, дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 14 варзишгар ширкат намуд.
Миёни калонсолон Мусаниф Миробов дар вазни -66 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф гашт. Муҳаммад Юсуфзода бошад, дар вазни -81 кг медали нуқра гирифт. Муҳаммадин Лоиқов (-73 кг) миёни ҷавонон медали нуқра ба даст овард.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа миёни наврасон 101 варзишгар аз 15 давлат, миёни ҷавонон 125 варзишгар аз 19 давлат ва миёни калонсолон 229 варзишгар аз 29 давлат ширкат доштанд.
17 паҳлавони тоҷик дар Гранд-слами Тошкент ширкат мекунад
Аз 27 феврал то 1-уми март мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – Гранд-слами Тошкент доир мегардад.
Барои ширкат дар мусобиқа 380 варзишгар аз 40 давлат номнавис шудааст. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба ин мусобиқа 17 нафар – 13 мард, 4 занро хоҳад фиристод. Дар ҳайати мунтахаби мо, аз ҷумла паҳлавонони маъруф Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг) ҳастанд.
Чун анъана, ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд. Ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, ба барандагони медали нуқра – 3000 ва медали биринҷӣ 1500 евро тақдим мешавад.
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Олимпиадаи зимистона дар Италия ба поён расид
Дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки 22-юми феврал доир гардид, оташи олимпӣ дар ду шаҳри мизбон — Милан ва Кортина-д'Ампетсо дар як вақт хомӯш карда шуд. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Кирсти Ковентри Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026-ро пӯшида эълон кард.
Дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки рӯзҳои 6-22-юми феврал баргузор шуданд, дар ҳисоби медалҳо Норвегия мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони ин кишвар 41 медал (18 тилло, 12 нуқра ва 11 биринҷӣ) гирифтанд. Лижарон Йоханнес Клебо дар корномаи худ медали ёздаҳуми олимпиро ба даст овард, ки ба чунин натиҷа ягон нафари дигар ноил нашудааст.
Ҷойи дуюмро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 33 медал (12 тилло, 12 нуқра ва 9 биринҷӣ) ва зинаи сеюмро Нидерланд бо 20 медал (10 тилло, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ) ишғол карданд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Италия (10 медали тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ), Олмон (8 медали тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ), Фаронса (8 медали тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ), Шведсия (8 медали тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (6 медали тилло, 9 нуқра ва 8 биринҷӣ), Австрия (5 медали тилло, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ) ва Ҷопон (5 медали тилло, 7 нуқра ва 12 биринҷӣ) дохил шуданд.
Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ дар маҷмуъ варзишгарони 29 кишвар медал ба даст оварданд, аз ҷумла намояндагони 20 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Дар Бозиҳо 2871 варзишгар аз 92 кишвар барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат карданд.
Бозиҳои навбатии зимистонаи олимпӣ баъд аз чор сол, соли 2030 дар кӯҳҳои Алпи Фаронса баргузор хоҳад шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
