ВМКБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

27 феврал 2026, Ҷумъа
6
Бахшида ба 33-юмин солгарди Артиши миллӣ дар Театри вилоятӣ ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва афсарону сарбозон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси вилоят зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ин солҳо масири хеле сангин, вале пурифтихорро тай ва рисолату масъулияти бардӯшдоштаро сарбаландона иҷро намуда, имрӯз ҳамчун муҳофизи қавӣ ва боэътимоди марзу буми Ватани маҳбуб, ҳомии устувори сулҳу суботи давлату миллат фаъолияти пурсамар дорад. – Дар воқеъ, афсарону сарбозони мамлакат дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми ғамхориҳои Ҳукумат, бахусус Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардидаанд, – зикр намуд Алишер Мирзонабот. Бархе аз сардорони сохторҳои вилоятӣ ва афсарону сарбозон бо сипосномаи Вазорати мудофиа ва ифтихорномаи ВМКБ қадр гардиданд. Дар фарҷом аҳли фарҳанги вилоят бо беҳтарин сурудҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро шод намуданд. ДАР СУҲБАТИ САРБОЗОН Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба қисми ҳарбии “Н” омада, бо шароити афсарону сарбозон ошно гардид ва бо онҳо суҳбати самимӣ орост. Ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан комёбиҳои беназир таманно дошта, иброз намуд, ки маҳз бо дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои сарбозон шароити мусоид фароҳам аст. Аз ҷониби раиси вилоят барои сарбозон дастархони идона ташкил гардид ва аҳли фарҳанг барномаи консертии пурмазмунеро манзури онҳо намуд. Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 27.02.2026 №: 40