ҲАДАФ – ТАРБИЯИ НАСЛИ ХУДОГОҲУ ВАТАНДӮСТ
Ҷиҳати тақвияти корҳои идеологӣ ва тарбиявӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳристон бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯрии судманд доир гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти МИҲД ноҳия, дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Дилноза Ҷонбойзода ва масъулони шуъбаву бахшҳои мақомот иштирок доштанд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории мулоқот тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025, инчунин пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ мебошад.
Масъулон доир ба зарурати ҷалби падару модарон ба раванди таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ибрози назар карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, инчунин масъалаҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омода кардани духтарон ба рӯзгордориву оиладорӣ, эҳтиром ва гиромӣ доштани фарҳанги либоспӯшии миллӣ баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ҳамкории мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ барои таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон, мусоидат намуда, дар тарбияи насли худогоҳу ватандӯст нақши муассир мегузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
