ҶУДО. ДУ МЕДАЛИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ГРАНД-СЛАМИ ТОШКЕНТ

02 март 2026, Душанбе
3


Тими ҷудои кишвар дар Гранд-слами Тошкент-2026, ки аз 27-уми феврал то 1-уми март доир гашт, ду медал – 1 тилло, 1 биринҷӣ – ба даст овард.
Медали тиллоро Абдуллои Ориф дар вазни -73 кг сазовор шуд. Ӯ зӯрозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз карда, бар намояндагони Ирландия, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон пирӯз гашта, ба нимфинал роҳ ёфт. Абдулло дар нимфинал Ҷованни Эспоситои итолиёӣ ва дар финал Шаҳром Аҳадови ӯзбекистониро мағлуб кард. Воқеан, барои Абдуллои Ориф ин аввалин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо буд.
Эмомалии Нуралӣ дар вазни -66 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Эмомалӣ низ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар паҳлавони Украина ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Шинсей Ҳаттории ҷопонӣ шикаст хӯрд. Эмомалӣ, сипас дар даври тасаллобахш Роналд Лимаи бразилӣ ва дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм Валерио Аккеглии итолиёиро мағлуб кард.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 370 варзишгар аз 39 давлат ширкат карданд. Дар ҳисоби умумии медалҳо Ҷопон бо 4 медали тилло, 3 нуқра, 7 биринҷӣ дар ҷойи аввал мавқеъ гирифт. Озарбойҷон бо 4 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дуюм, Ӯзбекистон бо 1 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ сеюм шуданд. Тоҷикистон бо як медали тилло ва як биринҷӣ дар мақоми чорум мавқеъ гирифт.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 02.03.2026 №: 41