ТИБ. АЗ РУШДИ ДОРУСОЗИИ ВАТАНӢ ТО ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

02 март 2026, Душанбе
4


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба парлумон ва мардуми кишвар яке аз муҳимтарин рукнҳои низоми давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, ҳамчун шакли мукаммали иртиботи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва стратегӣ байни роҳбарияти олии давлат ва ҷомеа баромад менамояд. Ин санади тақдирсоз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо намуда, самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян месозад ва ҳамчун ҳуҷҷати муҳими идоракунии давлатӣ, таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, арзёбии хатару таҳдидҳо ва муайян намудани афзалиятҳои стратегӣ арзёбӣ мегардад.
Паём, инчунин, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илм ва тандурустиро дар бар мегирад. Дар ин санад ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба ҳифз ва рушди сармояи инсонӣ, ки меҳвари асосии сиёсати иҷтимоии кишвар ба шумор меравад, таҷассум ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои калидии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва илми тиб, дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар Паём таъкид гардид, ки иқтисодиёти кишвар ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид шудааст. Афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва баланд шудани иқтидори молиявии давлат барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус тандурустӣ, заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар ин замина, Пешвои миллат бо истифода аз омори муқоисавӣ дастовардҳои соҳаи илм ва маорифро таҳлил намуда, махсусан рушди илми тиб ва тибби амалиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъкид намуданд. Илми тиб дар шароити муосир на танҳо ҳамчун маҷмуи донишҳои назариявӣ, балки ҳамчун системаи мураккаби илмӣ-тадқиқотӣ, клиникӣ ва инноватсионӣ баромад мекунад.
Соҳаи тандурустӣ ва илми тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо истифода аз дастовардҳои биомедитсина, эпидемиология, генетикаи тиббӣ, иммунология, фармакология ва технологияҳои рақамӣ сатҳи ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳоро ба сатҳи сифатан нав барорад. Дар ин раванд, рушди тибби исботшаванда, татбиқи протоколҳои клиникӣ ва стандартҳои байналмилалии ташхису табобат аҳамияти махсус дорад.
Илми тиб дар соли сипаригардида ҳамчун яке аз самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ ва илмӣ мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам намуд. Пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои ташхиси саривақтӣ, табобати бемориҳои сироятӣ ва музмин, ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ ва такмили хизматрасонии тиббӣ ба беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолӣ мусоидат карданд.
Дар баробари ин, барномаи истифода ва рушди рустаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамчун самти муҳими илми тиб мавқеи хос дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании рустаниҳои доруворӣ буда, омӯзиши илмии онҳо, истеҳсоли доруҳои табиӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи тиббӣ метавонад ба рушди тибби миллӣ ва коҳиши вобастагӣ аз доруҳои воридотӣ мусоидат намояд. Пайвастани тибби муосир бо тибби халқӣ дар асоси тадқиқоти илмӣ аҳамияти махсус дорад.
Дорусозӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад, ки доимо таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ низ масъалаи мазкурро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, қабули “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”-ро муҳим ва зарур арзёбӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2020, №569 “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид. Мақсади асосии барномаи мазкур ин таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолии кишвар бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, инчунин, ҷалби сармояҳои дохилию берунӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароит барои истеҳсолкунандагон ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда такмил дода шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» дар таҳрири нав ва якчанд санадҳои танзимкунандаи фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва қабул гардидаанд.
Инчунин, додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ сабаби ҳавасмандгардии истеҳсолкунандагони ватанӣ шуд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсоли ватании маводи фарматсевтӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, № 486 “Номгӯи маводҳои дорувории истеҳсоли ватание, ки таҳвили онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошад” тасдиқ гардидааст. Тибқи муқаррароти қарори мазкур ҳамаи истеҳсолкунандагоне, ки ба истеҳсоли доруи ватанӣ машғул мебошанд аз андоз аз арзиши иловашуда (15%) ҳангоми фурӯши дору озод мебошанд.
Дар солҳои амалисозии барнома кишт, парвариш ва коркарди рустаниҳои шифобахш ба роҳ монда шуда, содироти дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ афзудааст, ки яке аз нишондодҳои беҳтарини рушди соҳа мебошад.
Амалисозии барнома ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ имкон дод, ки аз гирифтани қарзҳои имтёзнок низ бархӯрдор гарданд. Дар давраи амалисозии барнома ба 26 ширкати дорусозии ватанӣ аз ҷониби КВД “Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон” ва “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидааст.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки рушди дорусозии ватанӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ба шумор меравад. Истеҳсоли дохилии доруҳо имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти доруворӣ коҳиш ёфта, бозори дохилӣ бо доруҳои дастрас ва босифат таъмин гардад.


Ашурмад МАЪРУФОВ,
сардори шуъбаи илмҳои назариявӣ
ва фарматсевтии АМИТ, н.и. фарматсевтӣ
Шодмон КАРИМОВ,
сармутахассиси шуъбаи тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ

Санаи нашр: 02.03.2026 №: 41